​Бо пахши изҳорот ҷиноят рупуш намешавад!

Мамадбоқир Мамадбоқиров бо пахши навори видеоии ахиринаш ҷиноятҳои худро рӯйпуш карданист. Агар мавсуф дар воқеъ гунаҳгор намебуд пинҳон намешуд. Аз рафтору кирдори ӯ бармеояд, ки ӯ саркарда ва ташкилкунандаи ҷиноятҳо дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст. Маҳз бо ташаббуси Мамадбоқир Мамадбоқиров дар Хоруғ гуруҳҳо ташкил шудаву мардумро ба тафриқаву ҷудоиандозӣ андохтаанд.

Бояд фаромуш насозем, киМамадбоқир Мамадбоқиров саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ аст, ва тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш бояд ҷавоб диҳад. Мавсуф дар изҳороти видеоӣ таъкид медорад, "ҳарчанд хоҳони қудрат ва талабгори мансаб нест" ки хеле хандаовар аст. Бо пахши пахши чунин изҳорот ҷинояткор аз ҷиноятҳои содирнамудааш соф шуда наметавонад ва ҳатман бояд дастгир ва дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Мо намехоҳем, ки тавассути як шахс ва ё як гуруҳ як гӯшаи ободи кишварамон дар ташвиш ва ноором бошад. Дар ҷомеаи муосир мо бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, ба манфиати миллату давлат корро пеш гирем ва нагузорем, ки касе моро ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ андозад.

Як нафари ҷиноятпеша Мамадбоқир Мамадбоқиров дар навори видеоӣ худро “бегуноҳ” шуморида, талаби осуда зиндагӣ карданро мекунад ва бехабар аз он, ки номбурда омили осуда зиндаги кардани ҳазор нафар ва нооромии як манотиқи кишвари азизамон гардидааст.

Дар ҷойи дигар навори видеоӣ Мамадбоқиров таъкид медорад, ки “Чӣ гуноҳи азиме кардам?” Аз ин дида боз гуноҳи азим мешавад? Сабабгорӣ нооромӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, тафриқаву ҷудоиандозӣ миёни мардум, латукби як сардори Раёсати маорифи вилоят ва монанди ин силсила ҷиноятҳо, ки боиси нигаронии кулли мардуми Тоҷикистон гардидааст. Мамадбоқиров бо ҷинояту ҷинояткорӣ одат кардааст ва аз рӯйи навори изҳоротиаш маълум мегардад, ки ҷиноят барои ӯ шуғли маъмулӣ гардидааст ва зиндагияшро бе ҷиноят тасаввур карда наметавонад. Зеро амалҳои ҷиноияшро дар навор нодида мегирад.

Аз ин рӯ, аз мақомотҳои қудратии кишвар хоҳиш менамоем, ки пеши роҳи чунинҷинояткоронро сари вақт гиранд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу осоиштагии кишвари мо халал ворид созанд!

Сорбони Рустам - устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ