Бо муросову мадоро умр ба сар барем
Дар интиҳои асри ХХ ва оғози асри ХХI инсоният шоҳиди рўйдодҳои бузург ва ҳайратангези ҷаҳони пуртазоду пуртаҳлука гардид, ки дар бештари ҳолат «муаллиф» худаш мебошад.
Давлатҳои абарқудрат бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда мавқеи афзалиятноки худашонро муаррифӣ кардан мехоҳанд ва барои расидан ба ин мақсад аз ҳеҷ кор рўй наметобанд. Раванди глоболизатсия – ҷаҳонишавӣ, дастрасии умум ба васоити ахбор, убур кардани марзи тамаддунҳо аз як тараф, раванди табиӣ бошад, аз ҷониби дигар ба руҳияи инсонҳо таъсири манфӣ расонида, ба коҳиши арзишҳои асили миллӣ мусоидат мекунад.
Давлатҳои тозаистиқлол зери фишори низомҳои сиёсӣ дар талоши таҳкими истиқлолият, тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ёфтани мақому манзалати муносиб дар ҷомеаи муосир омодаанд, ки эҳёи давлату миллати хешро бо ҳар роҳ амалӣ карда бошанд.
Мардуми фарҳангсолори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ақлу хиради азалӣ, адабиёту фарҳангу маданияти волои миллӣ ба пешвози санаҳои тақдирсози миллӣ 31‐солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу талошҳои созанда машғул шуда, кўшиш доранд, ки «бе вайрон кардани полези бегона» фазои орому сулҳу суботу ваҳдати хешро рушд ва ҳифз намоянд.
Вале, ҳодисаҳои ахири наздисарҳадӣ (Тоҷикистону Қирғизистон), ки солҳои охир (тибқи маълумоти коршинос Абдуллоҳ Раҳнамо 100 сол боз идома дорад) боз дар васоити ахбори омма мавриди баррасии умум қарор доранд, моро водор сохт, қалам ба даст гирифта, андешаҳои худро иброз намуда бошем.
Мегўянд, ки обу замин неъмати Парвардигор асту барои зиндагӣ асос. Ҷонзодеву гиёҳеву ҷонваре нест, ки бидуни обу хок зиндагӣ кунад ва зинда бошад. Тибқи маълумоти васоити ахбор (бештар шабакаи иҷтимоии интернет) сабаби даргириҳои сарҳадӣ замину об буда, гўё мардуми қирғиз намехоҳанд, ки ин неъмати худододро бо ҳамсоягон бо ҳам бинанд. Ба қавле, тоҷикон миллати худоназаркарда мебошанду табиати биҳиштосо, захираи зиёди замину об доранд ва шукр мекунанд, ки ба кўмаки касе ниёз надоранд.
Ҳамсояҳои гиромӣ, бо мо тўли асрҳо ҳамсояеду то ҳол табиат, феълу хўй, хулқу атвори тоҷиконро намедонед. Аз сарвату захираҳои мо истифода баред, лекин истиҳолаи ин намакдон кунед.
Ҳамсояро интихоб намекунанд, аз ин рў моро лозим аст, одоби ҳамсоядориро риоя намоем.
М.ҚОДИРОВА, сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров