Бо иғвоангезиву фитнаандозӣ мурод ҳосил нахоҳад шуд
Хушбахтона имрӯз мо дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарему ба ояндаи давлату миллатамон бо назари нек нигоҳ мекунем. Сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи мардуми кишварамон буд, ки дар зарфи зиёда аз 31 соли соҳибистиқлолӣ мо ба як қатор дастовардҳои беназир дар соҳаҳоҳои ҳаётан муҳим ноил гардидем. Аммо, мутаассифона, имрӯз гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки пешравиҳои Тоҷикистонро нодида мегиранд ва фақат аз камбудиву норасогиҳо ҳарф зада мехоҳанд мардумро гумроҳ намоянд. Онҳо доимо кӯшиш меанамоянд, ки бо иғвоангезиву фитнаандозӣ мардумро гумроҳ намуда, ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ онҳо бештар ба сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ такя мекунанд, ҳар гуна барномаҳои интернетӣ созмон доданд. Яке аз чунин барномаҳо барномаи минбари муҳоҷир аст, ки созмондиҳандагони он дар мамлакатҳои хориҷӣ умр ба сар мебаранду мехоҳанд, ки байни мардуми кишварамон тафриқа андозанд ва фазои сулҳу суботи моро халалдор намоянд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо имрӯз фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин гуна афрод гашта даст ба ҳар гуна ҷиноят зада истодаанд, ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил шуда истодаанд, ки хеле нигаронкуананда аст.
Пӯшида нест, ки љавонон воқеан қишри фаъол ва ояндасози мамлакатамон маҳсуб меёбанд ва имрӯз давлату Ҳукумати кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд ва кӯшиш намуда истодааст, ки онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавононро мебояд, ки илму дониш омӯзанд, барои инсони накукор шудан кӯшиш намоянд ва муҳимтар аз ҳама зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва тамоми ҷидду ҷаҳди худро баҳри дифои манфиатҳои милливу давлатиамон равона созанд, дар ободиву пешрафти мамлакати азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. Қувваи мо дар муттаҳидист. Ҳамаи мо бо меҳнати софдилона ва савияи баланди донишу таҷрибаамон метавонем, ки боз ҳам кишвари аҷдодии худро ободу зебо гардонем, рушди устувори иқтисодии онро таъмин намоем ва муҳимтар аз ҳама барои ҳар як сокини банангу номуси давлатамон шарту шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварем.
Камолиддини Раҷабзод!