​Беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмуни Стипендияи Президентӣ роҳхат гирифтанд

Ҷиҳати дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳ озмун гузаронида шуд. Дар ин бора Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод.

Номбурда ҳадаф аз гузаронидани озмунро дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд, фаъол, ташаббускор ва арзанда унвон кард.

Ба маълумоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, озмуни мазкур дар асоси барқияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, тибқи Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ва пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ 18 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун ҷиҳати дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ