Бегуноҳ машморедаш!
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба мурофиаи “ҳомии муҳоҷирон” дар Федератсия Россия Иззат Амон сару садоҳои зиёде паҳн карда шудаанд. Гӯиё тарафдорон ё худ “ҳаводорон”-и ин “инсондӯст”-и муҳоҷир ӯро “мусичаи бегуноҳ” ҳисобидаанду бо туҳмати нафароне ва ё бесабаб ба муҳлате зиндонӣ шудаву дар асл бошад, ин “ҳомӣ” тинаташ танҳо аз меҳру муҳаббат ва дастгирӣ намудан ба муҳтоҷону муҳоҷирони дар мамолики хориҷ эътироф шуда бошад. Агар чунин мебуд, магар аз оғози ҳамон мурофиа ин ҷониб аз болои ин “ҳомӣ” нафаре аз қаллобии ӯ ба додситоне имдодҷӯӣ мекард? Магар ба нафари “ҳомӣ” мафҳуми қаллобӣ мунъакис мешавад?
Дар шароити кунунии пур аз талотуми дунё худ ба ҷое муҳоҷир шудану бо қонунҳои он давлат зистан ба нафари маротибаи аввал муҳоҷир гашта, хеле гарон аст. Зеро чунин “ҳомӣ”-ҳо ҳама атроф “тасарруф” намудаанду мақомдорон низ танҳо бо ана ҳамин нафарон корро ба тезӣ “саранҷом” мекунанд. Ин ҳолатро борҳо мушоҳида намудаему вазъиятҳои исботӣ низ дорем! Барои худ ҳатто утоқҳои корӣ ташкил намудаву ҳар як мизоҷи худро он ҷо қабул мекунанд ва бо карру фари “олигархӣ” қабулу гусел мекунанд. Ана ҳамон ҳуҷҷатпуркуниву риояи қонуни мамолики Русро ба нафари сару по гум карда “меомӯзонанд”-у гӯиё бо ин амалашон ба онҳо “кӯмаки амалӣ” мерасонанд. Аммо нафари корафтода худ намефаҳмад, ки аз ҷониби ана ҳамин “ҳомӣ”-ҳо фиреб хӯрдаасту фирефтаи “кӯмаку дастгирӣ”-иашон шудааст. Ин тоифа ба ду се нафари наздикаш, ки “мизоҷон”-и зиёдеро ҷамъ меовараду “қутти лоямут” ба даст меоранд, “ҳақ” медиҳаду дигаронро фиреб! Имрӯз бошад, ана ҳамон ҳамроҳонаш бо суханбозиҳо ҳамон муҳоҷиронро ба эътирознамоӣ даъват мекунаду мегӯянд, ки “ку бубин он “ҳомӣ”-е ки дирӯз туро дастгирӣ намуд, имрӯз ба даст афтодаву ба кӯмаки ману ту ниёз дорад...”
Бояд қайд намуд, ки мақоли халқии “чоҳкан – зери ҷоҳ” ҳаққо ки ба чунин нафарон гуфта шудааст. Қаллобӣ ки дар тинаташ ҷой дошт, шикояте навишта шуд ва ҳатто шаҳрвандии Федератсияи Россия, ки шояд тавассути қаллобӣ ба даст оварда шуданаш тасдиқ гардид, ки мақомдорони Рус онро бекор намуданд... Ба эътирозгарон бо таъкид гуфтанием: “Ҳар кас аз рӯи амалкарди худ баҳо мегирад!!!”
Шарифзода М.