​Баррасии вазъи сиёсии ҷомеа

Дар доираи фанни сиёсатшиносӣ бо донишҷӯёни соли сеюми факултети иқтисодӣ вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ӯлмасова Мавзуна перомуни зуҳуроти номатлуб маълумот дода, пайомадҳои таҳдидҳои муосирро ба донишҷӯён шарҳ дод.

Таъкид гардид, ки раванди бадалшавии идеологияҳо тақозо дорад, ки сокинони сайёра зиракии сиёсиро аз даст надода, бо зуҳуроти манфии ҷомеа дастҷамъона мубориза баранд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки барои таҳкими дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худ кӯшиш намуда, барои ҳифзи суботи сиёсии мамлакат саҳмгузор бошанд.

Чунин ташаббус дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ низ ба роҳ монда шуда, дар доираи он нақши ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа дар ҳаёти сиёсии ҷомеа муҳокима гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ