​Баррасии сатҳу сифати таълим

Ҷаласаи навбатии кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ баргузор гардид. Дар доираи кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таълим, илм ва тарбия дар сатҳи кафедра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, таваҷҷуҳи аъзоёни ҷаласа ба масъалаи беҳдошти сатҳу сифати таълиму тадриси фанҳои таълимии кафедра дар факултети математика бештар ҷалб карда шуд. Доир ба ин масъала раиси гуруҳи кори, ки бо фармоиши мудири кафедра дотсент Мавлонова таъин гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Бо баррасии масъалаҳои муҳим ва қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ҷаласа анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ