​Баррасии робитаҳои адабӣ ва масъалаҳои адабиётшиносӣ

Дар бахши робитаҳои адабӣ ва масъалаҳои адабиётшиносии конференсияи илмӣ – анъанвии донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ 18 маърӯза шунида шуд.

Конференсияро декани факултет оғоз намуда, ба кори конференсия муваффақият ва бурдборӣ таманно кард.

Қайд гардид, ки конференсияи илмӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст.

Маърӯзаҳо дар доираи кори бахш тариқи муаррифномаҳо ироа гардиданд.

Маърӯзаи се нафар донишҷӯён таҳти унвони “Зиндагинома ва эҷодиёти Хоҷа Аҳрори Валӣ” , “Ибни Ҳазми Андалусӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти араб”, “Дӯстии Тоҷикистону Чин дар шеъри тоҷикӣ ва чинӣ” беҳтарин дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ