​Баррасии падидаҳои системаи иҷтимоию сиёсӣ дар доираи дарс

Донишҷӯёни соли сеюм ин ҳафта дар доираи дарси сиёсатшиносӣ мавзӯи “Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоию сиёсӣ”-ро омӯхтанд.

Ба маълумоти мудири кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдунаим Бердишукуров, омӯзиши мавзӯи мазкур барои донишҷӯён дар ҷомеаи муосир, бахусус шароити кунунӣ, ки як қатор зуҳуроти номатлуб ба амнияти ҷаҳон таҳдид дорад, зарур аст.

Гуфта шуд, ки дар доираи баррасии ин мавзуъ аз ҷониби омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён мафҳум, моҳият ва таснифоти амният дар сиёсат фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён амниятро ҳамчун воситаи махсуси муносибат дарк намуда, омилҳои минтақавии амният ва таҳдидҳои нави замонавиро муҳокима намуданд.

Омӯзиш ва баррасии мавзӯи мавриди назар дар шароити муосир ҷиҳати таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон муҳим унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ