Барои ҳифзи Ватан омодаем!
Мутассифона, солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи начандон хуб қарор доранд. Сабаби асосии он, то кунун аломатгузорӣ нашудани баъзе маҳалҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Қисми сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон айни замон ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил ёфтаааст. Вазъияти ба амаломада хеле нигаронкунанда буда, метавонад муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро боз ҳам шиддатнок намояд. Албатта, барои ҳалли проблемаи ба миёномада тамоми чораҳои зарурӣ аз ҷониби Тоҷикистон андешида шуда истодааст, аммо, мутаассифона, бинобар пеша кардани сиёсати ҷангҷӯёна аз ҷониби Қирғизистон масъалаи аломатгузории минтақаҳои баҳснок ҳалли худро наёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки пешниҳодҳои ҷониби Қирғизистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ нишон медиҳад, ки онҳо барои зудтар ҳал намдани проблемаи ба вуҷудомада омода нестанд. Мо ҷонибдори бо роҳи гуфтушунид ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатиамон ҳал намудани проблемаи сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳастем. Шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи муносибатҳояшро бо ҷаҳони хориҷӣ, аз ҷумла, бо кишварҳои ҳамсоя самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ қарор дода, ҷиҳати расидан ба он чораҳои саривақтӣ андешидааст.Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои созандааш борҳо исбот кардааст, ки ҷонибдори густариши низоъ бо давлатхои ҳамсоя набуда, баръакс доимо даъват ба амал меорад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои умумиминтақавӣ ва муборизаи дастаҷамъона алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир саъю кӯшиш намоянд.
Имрӯз, хушбахтона, Тоҷикистон қодир аст, ки манфиатҳои худро вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, амнияти шаҳрвандон ҳимоя кунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як кишваре, ки таҳдид ба якпорчагии ҳудуди мамлакати мо мекунад, ба муқобилияти шадиди ҳар як сокини бонангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд ва аҷдодиамон дучор мешавад. Қирғизистон низ бояд манфиатҳои моро эҳтиром кунад ва барои ҳалли масъала роҳи гуфтушунидро пеш гирад, на ин ки қувваи артиши худро намоиш диҳад. Тоҷикистон ҳам артиш дорад, ки омода аст амнияту якпорчагии мамлакатро ҳифз кунад.
Камолиддини Раҷабзод – устоди ДДХ