Барномарезӣ - раванд ва санъати навиштани барномаҳои компютерӣ

Дирӯз дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дарси кушоди мудири кафедраи барномарезӣ дотсет Хушбахт Нуриллоев ташкил ва гузаронида шуд.

Дарси намунавии мазкур аз фанни барномарезии визуалӣ доир гардида, ба мавзуи «Нишондоди идоракунии Do/Loop» бахшида шуд. Муаррифии мавзуи нав бо воситаи нурафшон (проектор) нишон дода шуд, ки он ба барномаи таълимӣ ва самти тахассусии донишҷӯён мувофиқат мекард. Устод дар раванди машғулият ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосии мавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва аёниятҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзуъро фаҳмонд.

Ба дарси мазкур донишҷӯёни курси аввали ихтисоси таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ ҷалб гардида, дар он намояндаи шӯъбаи сифати таҳсилот донишгоҳ Замира Сатторова, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Домуллоҷонов Аҳмадҷон ва устодони кафедра иштирок намуданд.

Дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, тахтаи электронӣ, муаррифӣ гузаронида шуд. Дар интиҳо устодон барои боз ҳам беҳтар ба роҳм мондани дарсҳои кушоду намунавӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ