Барномаи ояндасӯз

Вақте, ки муаррифии Барномаи “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро тамошо кардам ханда гулӯгирам кард. Ин муаррифии сохтаву бардурӯғ аст. Зеро аз суханрониҳояшонҳам маълум аст. Вақте, ки дар оғоз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузоранд ҳама хомуш дар ҷояшон нишастаанд. Магар онҳо муқаддасоти миллии худро намедонанд. Вақте, ки рови бо дасташ ишора кард, ки аз ҷоятон хезанд бад онҳо аз ҷояшон бархестанд. Дар мо ҳатто кӯдаки 3-4 сола Суруди миллиро медонад ав эътироф мекунад.

Ин муаррифии пур аз сохтакориву фиребу найранг аст. Ин қадар суханони кӯчаги. Вақте, ки Шабнам Худойдода ба сухан баромад ин қадар кормандони амнияти моро гунаҳкор кард вале сабабашрову аз амалҳои кардаи худ сухан накард. Зане, ки дар минбар сухан кард либози аврупои дошт. Дигар заноне, ки дар толор нишаста буданд сар то по ҳиҷобпеч буданд. Ин маълум аст, ки ин сохтакорӣ.

Онҳо аз минбар истода оиди хизматҳои шоёнашон барои ҳифзи Ватан ва Истиқлолият сухан карданд. Оҳно ягон кор накардаанд барои некӯаҳволии миллати тоҷик. Истиқлолиятро худи мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои худ Пешвои сулҳовару хирадмандаш ба даст овард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабеҳи офтобе ҳастанд, ки бо нурҳояшон тамоми сарзаминро равшанӣ медиҳанд. Вале бар ивазаш ба ҷуз сулҳу оромӣ чизе намехоҳанд.

Шамс ба ҳаққи хизматаш, пайса нагирад аз замин.

Хайру сахо нисор кун лек маҷӯ, маҷӯ савоб

Мо ҷонибдори сулҳу оромии сарзамини худ ҳастем ва намегузорем, ки касе ба пои мардуми мо хоре халад. Мо ба ин сохтакориҳо бовар намекунем ва намегузорем, ки Барномаи онҳо амалӣ гардад. Зеро он Барномаи хому ношуданист.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ