​Барномаи “Амният ва ҷомеа” дар Ютуб дастрас шуд

Барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа” – и донишгоҳ соҳиби канали инфиродӣ дар ютуб гардид. Дар ин бора ровии барнома Хайёмиддин Исмоилов, ки вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳро бар уҳда дорад, иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом ҷиҳати таъмини дастрасии қулай ва осони тамошобинон ба нашрҳои барнома роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он фароҳам овардани фарогирии васеи тамошобинон унвон мешавад.

“Асри 21 асри технологияҳои иттилоотӣ аст ва дар ин раванд шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари воситаҳои ахбори омма ба як воситаи муассир табдил ёфтаанд. Бо назардошти таъсири амиқи шабакаҳои интернетӣ тасмим шуд, ки шакли электронии барномаи “Амният ва ҷомеа” дар саҳифаи алоҳидаи ютуб ҷойгир шавад” – зикр дошт Хайёмиддин Исмоилов.

Интизор меравад, ки минбаъд тамоми нашрҳои барнома дар ҳамин саҳифа пахш ва махфуз дошта шавад.

Маврид ба зикр аст, ки мушовири барномаи “Амният ва ҷомеа” ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода буда, дар доираи барнома бо ҷалби коршиносон масоили амнияти давлатӣ, вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкили барномаи мазкур, пеш аз ҳама, тарғиби истиқлоли давлатӣ ва таъмини амнияти миллист.

Хотиррасон менамоем, ки барномаи “Амният ва ҷомеа” то имрӯз беш аз 120 нашр таҳия гардидааст, ки он тариқи телевизиони вилояти Суғд пахш мешавад. Ҳамакнун тамошобинон метавонад барномаи мазкурро аз суроғаи зерин дар ютуб низ тамошо кунанд:

https://www.youtube.com/channel/UCPGhPGOaiRNje-2Q2eVduqQ

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ