​Баргузории озмун аз рӯи се равия: барномарезӣ, иктисодӣ ва техникӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аз рӯи равияҳои барномарезӣ, иктисодӣ ва техникӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Фаровон-1 ва ширкати ТВ Сомониён озмун гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи ҳафтаи илм сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун донишҷӯёни чор факултет: телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ, математика ва физика-техника иштирок намуданд.

Донишҷӯён аз рӯйи равияҳо тақсим гардида, байни ҳам рақобат намуданд. Тибқи натиҷаи ҷамъбастӣ аз рӯи равияи барномарезӣ ҷойи якумро донишҷӯи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Пирназаров Отабек, ҷойи дуюмро донишҷӯи ҳамин факултет Шаҳобов Нуриддин ва ҷойи сеюмро донишҷӯи факултети математика Абдуллоева Раҳимахон ишғол намуданд.

Аз рӯи равияи иқтисодӣ ҷойи якум ва сеюм насиби донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ - Ҳафизов Муҳсин ва Ҷалолов Фирдавс, ҷойи дуюм сазовори донишҷӯи факултети иқтисодӣ Фаёзов Муҳаммадулло гардид.

Дар равияи техникӣ низ аксари ҷойҳои ифтихорӣ насиби факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ гардида, ҷойи як ва дуюмро донишҷӯёни ҳамин факултет - Зайниддинов Олим ва Ашӯров Мансур ва ҷойи сеюмро донишҷӯи факултети физика ва техника Раҷабов Раҳматҷон ишғол намуданд.

Ғолибон аз ҷониби сарпарастон аз рӯйи мақоми ифтихорӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ, 800 сомонӣ ва 500 сомонӣ қадр мешаванд.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни озмун дар ширкатҳои болозикр ба ҳамкорӣ ҷалб гардида, таҷриба хоҳанд андӯхт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ