​Баргузории консерти синфӣ дар факултети санъат

Дар ҷараёни ҳафтаи илм дар факултети санъат консерти синфии сармуаллимаи кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Н.Ҳакимов таҳти унвони «Баҳори Ватан» бо иштироки устодони факултет ва намояндагони раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ асарҳои бастакорони муосири тоҷик дар мавзўи Ватан, тараннуми фасли зебои баҳор ба иҷро расиданд. Ҷоиз ба қайд аст, ки сурудҳои дар барнома ҷойдодашуда аз ҷониби донишҷуёни ихтисоси санъати мусиқӣ иҷро гашта, донишҷуёни курси чоруми ихтисоси санъати мусиқӣ дирижёрӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ дотсент Гулчеҳра Шарипова –декани факултет, профессор Умар Алиев ва устодон Султоналӣ Худойбердиев, Хуршеда Умарова, Б.Бобоева ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани барномаи консертӣ ба шогирдон машваратҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ