​Барандагони “Ҷоми 90 – солагӣ” қадр гардиданд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими ҷамъбастии мусобиқаи футбол ва волейбол барои дарёфти “Ҷоми 90 - солагӣ” доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ дар бораи тадбирҳои раёсати донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби устодону донишҷӯён ба варзиш таъкид дошта, аз иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатӣ дар мусобиқаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавигардонии варзиш чораҳои заруриро ба роҳ монда, мунтазам мусобиқаву озмунҳои гуногунро роҳандозӣ мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар донишгоҳ аз рӯи намуди футбол ва волейбол мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми 90 - солагӣ” эълон гардида, ҳамакнун ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни устодону кормандон барои дарёфти «Ҷоми 90-солагӣ» ҷойи якумро дастаи Раёсати донишгоҳ, ҷойи дуюмро дастаи кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва мақоми сеюмро дастаҳои факултети математика ва физикаю техника соҳиб гардиданд.

Аз рӯи намуди волейбол байни бонувон дастаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сазовори ҷойи якум, дастаи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ мақоми дуюм ва дастаҳои факултети биология ва химия ва факултети математика сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол байни донишҷӯён дастаи факултети филологияи рус - ҷойи як, дастаи факултети забонҳои хориҷӣ – ҷойи дуюм, дастаи факултети математика ва дастаи факултети иқтисодӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Дастаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус аз рӯи намуди волейбол байни донишҷӯдухтарон мақоми як, дастаи факултети физикаю техника мақоми ду, дастаҳои факултети психология ва таҳсилоти то мактабӣ ва факултети математика мақоми сеюмро сазовор гардиданд.

Ҳамзамон, дастаи геоэкология ва турзим барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол қадр гардиданд.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо диплом, медал ва Ҷом сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ