​Баҳори бехазони модар

Таҳти унвон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар хобгоҳи №9-и донишгоҳ чорабиниифарҳангӣ-тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯёни факултаи биология ва химия баргузор гардид.

Зикр гардид, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Илова гардид, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

Дар интиҳо аз тарафи донишҷӯён дар васфи модар ва фасли баҳор шеъру гуфторҳо, саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ намоиш дода шуда, табъи иштирокдорон болида гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ