Бани одам аъзои якдигаранд

Боиси ифтихор аст, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ санаи 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар вохӯрии Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа бахусус вазъи кунунии баамаломадаи Афғонистонромавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Чуноне, ки Саъдии бузургвор гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Ба ҷуз дарде, ки оварад рӯзгор,

Дигарузвҳоро намонад қарор.

Ҳадафаз баргузории ин вохӯри дар он аст, ки мардумикишвари ҳамсоя чун дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон озоду комилҳуқуқ бошанд. Баробарҳуқуқи байни занону мардон бошад ва мардум бе ягон маҳдудият ва бе тарсу ваҳм зиндагӣ намоянд. Чунин вазъияти баамаломадаи ҳамсоякишвар Сарвари моро низ дар канор нагузошт. Зеро ин марди нексиришту Ватандӯсту меҳанпараст дили хайрхоҳу дасти сахо дорад ва намегузорад, ки ягон мардуми рӯи замин дар азоб бошад.

Чуноне, ки Сарвари давлат зимни мулоқот бо ҳунарманди Афғонистонӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд “Ин рӯзҳои сахту сангин аз сари мардуми тоҷик низ гузашта буд. Ҳоло ҳамааш хуб мешавад”. Дар ҳақиқат дар солҳои 90-уми асри ХХ дар айни пурталотуми нофаҳмиҳо ин марди бузургу нотарс ба сарзамини Афғонистон рафта тамоми гурезагонашро ба кишвар баргардонида буданд, ки ин дар саҳифаҳои таърихи тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудаанд.

Умед бар он дорем, ки ин муаммо ҳалли худро меёбад ва мардуми ҳамсоякишвар дар фазои ободу осоишта зиндагӣ хоҳанд кард.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ