​Баланд бардоштани масъулияти падару модарон

Дар факултети филологияи ӯзбек бо падару модарони донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин мулоқот мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла баланд бардоштани масъулияти падару модарон, ҷалби донишҷӯён ба донишомӯзӣ, риояи талаботҳои ҷорӣ дар донишгоҳ, низоми кредитӣ ва тартиботи таҳсил дар донишгоҳ баррасӣ шуданд.

Аз волидони донишҷӯён даъват шуд, ки аз натиҷаҳои таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии фарзандон пайваста огоҳ шуда, назорат намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ