Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Дар Васоити ахбори омма вақтҳои охир анвои иғвоангезонаи мухталиф оид ба дину мазҳаб аз ҷониби қувваҳои мухолифин зиёд шуда истодааст. Агар мутаваҷҷеҳ шавем муноқишаҳо, ошӯбҳо, ҷангҳое, ки дар ин ё он гӯшаи канори замин ба амал меоянд, мутаассифона, бо дини ислом иртибот доранду терроризм ном дорад. Хушбахтона ҳамаи мо мусулмон ҳастем ва аз рӯи шариат вазифаҳои худро медонем, чи бад ҳасту чи хуб. Мутаъсифон, имрӯз дар Тоҷикистони мо бархе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ дар зери ниқоби ислом амал карда, бо ҳар роҳу восита талош доранд, ки вазъи сиёсии ороми кишвари моро халалдор созанд. Яке аз ин гуна нафарони ифроткору палидМуҳиддин Кабирӣ мебошад, ки роҳбари ҳизби мамнӯъ дар Аврупо зиндаги дораду бо ҳаргуна иғвову дасисаҳо мардуми моро нороҳат сохта истодааст. Бинобар иттилоъ ин шахси палид боз мардумро сарҷамъу сарнагун сохта гуруҳи нави мухолифинро таъсис дода истодааст. Замоне мардуми тоҷик аз дасти амалҳои ношоями ин марди беномусу фасодзада, ки даъвои давлати исломиро дошту мардумро ба ранҷу азоб кашида, чандин ҷавононро аз хона ҷудову сарнагун карда буд, ранҷи бисёр кашида буданд, ки оқибати он ба ҷанги шаҳрванди оварда расонида буд, ки ҷони садҳо нафаронро бурда буд.Ин аблаҳи Худозада бо гуфтан одам намешавад ва намефаҳмад, ки бо амалҳояш ҷиноят содир карда истодаасту барои худаш чоҳ меканад. Чуноне, ки мегӯянд: “Чоҳкан зери чоҳ”-у “давидани гӯсола то каҳдон” Вай берун аз кишвар асту қадри Ватанро намедонад, вай дар ғариби асту мо дар сарзамини биҳиштосоямон хушбахтона умр ба сар мебарем, вай гушнаи ҷанг асту мо дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем, ки инро Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чашми дидан надоранд. Агар мо зиракии сиёсиро аз даст дода ба гапҳои аблаҳонаи вай бовар кунем кишварамон ранги дигар давлатҳо бесару сомон мешавад, ки дар натиҷа мардум азият мекашанд. Ҳаргиз на, мо зиракии сиёсии худро аз даст намедиҳем ва намегузорем, ки қувваи бадӣ ғалаба кунаду мардуми мо боз бо ҷанг ру ба ру шаванд. Онҳо дар хоби шабашонҳам ба ин мақсадашон намерасанд. Имруз мо тариқи расонаҳои хабарӣ мебинем, ки дарИроку Сурия, Либия, Лубнон, Яман ва дигар кишвархо аз ҷониби мухолифин гирдиҳамоиҳо рух дода истодаанд, ки дар натиҷа ҷабрдидагон худи мардум мешаванд, зеро онҳо ба гапҳои фитнаангези нокасон бовар мекунанду мардум байни худашон ҷанг мекунанд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки Тоҷикистон давлати демократӣ буда, нисбат ба ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз мазҳаб, эътиқоди динӣ муносибат мекунад ва ҳифзи ҳуқуқи ӯро кафолат медиҳад. Аммо он нафароне, ки дар байни мардум фитна мезананд ва онҳоро ба зидди давлат даъват мекунанд, дар назди қонун ҳатман ҷавоб хоҳанд дод. Қонун барои ҳама як аст ва ҳақиқа ҳамеша ошкор мешавад. Банда ба ҳамаи мардуми бонангу номуси кишвар ва берун аз он муроҷиат намуда гуфтани ҳастам, ки ба ҳаргуна овозаҳои беасос бовар накунанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро мо мардуми сарбаланди тоҷик ҳастему ифтихор аз сарзамину миллату аҷдоди худ мекунем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ