Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ҳеҷ

Некӣ яке аз хислатҳои бузурги инсонист. Шахсе, ки дилу нияти нек дорадаз рӯзе, ки худро мешиносад, дар байни ёру рафиқон ва наздикону пайвандонаш фарқ карда меистад. Зеро аз чеҳраи инсони нексиришт нур меборад. Асоси некиву накӯкорӣ ва ростқавливу поквиҷдонӣ дар тарбияи оилавӣ ва муҳити иҳотакарда сурат мегирад.

Накӯкорон ҳамеша дар раҳмати Яздони пок қарор доранд. Вале бадону бадсириштон байни ҷомеаву мардумони он обрую эътиборе надоранд. Барои он ки сазовори номи неку рафтори шоиста гардем, бояд пайваста бикӯшем, ки накӯкору мададрасон бошем. Зеро хар як инсони асил дар зиндагӣ меъмори хеш бояд бошад. Бо бадон муносибати дустӣ пайдо накунад. Пайваста кори некеро анҷом диҳад, то сазовори номи нек гардад. Чунончи устод Рудакӣ гуфтаанд:
Ҳар як инсон маҳз тавассути як амали неки ба анҷомрасондааш шуҳратёр мегардад. Зеро аз анҷоми ягон амали зишт касе ба ҷое нарасидааст чуноне, ки Мамадбоқир, Гулбиддин, Толиб, Мунаввар Аловатшоев Амриддин ва монанди инҳо, ки сабабгори бесарусомониҳо дар ВМКБ гаштаанд.

Дар урфият мегӯянд, ки: “аз хуб боғ, аз бадон доғ” мегуянд. Хеҷ як носазое ба дилҳо роҳ наёфтааст, зеро ӯ зишт аст, носазост, ки ҳамаи носазоиҳо норавоянд. Некон дили озод аз фикрхои нопок доранд ва хамеша пайи анчоми амали хайранд. Нафароне чун Мамадбоқир ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад ва ҳаргиз нахоҳад расид.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ҳеҷ,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Ман ба ҳамаи саркардагони бесару сомониҳо ва ба ҳаммаслакони Мамадбоқир муроҷиат намуда гуфтаниям, ки “давидани гӯсола то каҳдон аст” “кӯҳ бо кӯҳ во намехӯраду одам бо одам во мехӯрад” аз ин сабаб аз рӯи қоидаҳои ҷангалӣ амал намудан бас кунед ва роҳи адлу инсофро интихоб кунед. Шумо имрӯз аз қонун мегурезед аз ҳама ҷазои сахт барои ҳар як нафар ин инсофаш аст. Аз назди инсоф виҷдон ҷои гурез нест вай як умр шуморо дар азоб мемонад.

Ҳар рӯз зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-и имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Манижа Шамсиева, магистарнти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ