Бадахшон – Боми ҷаҳон!
Қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои Помир боис гардидааст, ки ҷаҳониён минтақаи Бадахшони Кӯҳиро ҳамчун Боми ҷаҳон номгузорӣ намоянд, ки ифтихори ҳар як тоҷикистонист.Аниқ карда шудааст,ки дар шароити кӯҳсор фардҳое ба воя мерасанд, ки аз сангистони маҳал характери ғаюрию ориятпарварӣ, аз кӯҳистони сар ба фалак ҳиссиёти виқору сарбаландӣ, аз сарватҳои бебаҳои диёр қалби поку сулҳҷӯ дар тинаташон ҷой гирифтааст. Заҳмати фидокорона баҳри шукуфоии Ватан, нияти софи созандагӣ, дарки масъулияти амонии диёр ва хислатҳои дигари наҷибонаи худогоҳии миллии мардуми Бадахшон доимо вирди забонҳост.
Гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ моҳи охир дар минтақаи Бадахшон бо фароғату истироҳат машғул будаасту хотироти хешро аз ин гӯшаи табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоӣ ҷой додаанд. Маълумоту андешаҳои сайёҳони хориҷӣ далолат медиҳад, ки вазъи Бадахшон баъд аз баъзе бесарусомониҳои гурӯҳи авбошон бо сардории Боқири эгоист пурра ба эътидол омадаасту сайёҳонро истиқболи гарму меҳмоннавозию тамаддуни қадимаи мардум тасхир кардааст. Баёни таасуротҳои сайёҳон ошкор менамояд, ки фазои орому осуда ва муҳити зебои осоишта аз чеҳраи мардум ва тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 -солагии ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳувайдо мегардад. Хурсандивор аст, ки сайёҳони номбурда ҳамватанони аврупоии худро ҷиҳати дидану шиносоӣ бо Бадахшон даъват намуда эътимоди хоса ба давлатдории Тоҷикистон кардаанд.
Мақомоти қудратию ниҳодҳои дигари Бадахшон бо сарварии сиёсатмадори фурӯтани хоксор, дипломати моҳир, шахсияти софдилу ростқавл, меҳанпарасти комил, генерали арзанда Шариф Назарзода нерӯи созандаю тавоноро инъикос менамоянд ва рӯзҳои охир ҳатман ҳамаи қонуншиканон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Итминони қавӣ дорем, ки Боқиру ҳамтӯдаҳои хонашеру майдонғарибонашро ҳукми одилонаи қонунгузории амалкунандаи кишвар ҷазои барҳақ хоҳад дод. Мавсими имсолаи сайёҳӣ ба коҳишёбии маҳдудиятҳои зидди коронавирус авҷу хурӯши нав дар Бадахшон пайдо мекунаду мардуми маҳал бо санъати волои ҳунармандон ба сайёҳӣ сатҳи баланди маърифату хизматрасонии муносибро пешкаш менамоянд. Бадахшон макони ҷалбу фароғати сайёҳони хориҷию дохилӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад!!!!!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”