Ба тинҷиву ободии кишвар халал нарасонед

Ҳар ҳодисаи нанговаре, ки дар байни ҷомеа ба вуқӯъ мепайвандад албатта ҳар як хонаводаро ба ташвиш мегузорад. Мутаассифона, дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд оромии мардуми осоиштаро халалдор созанд. Аммо, фаромӯш набояд кард, ки ин кирдорҳои номатлуб охиру охирон худи нафари бардкирдорро ба коми худ бурда, ҳаёти ӯ ва дигаронро сияҳ мегардонад. Аз азал миллати тоҷик мардуми хушахлоқу хушкирдор буд ва бобоёну бибиёни мо бароямон гуманизм яъне инсондӯстиро меомӯзониданд. Ва бояд ин хулқи накӯро мо аз даст надиҳем то ин, ки насли ояндаи мо инсони комил ба воя расад.

Мутаассифона, аз рӯйи ҳодисаву воқеъҳои дар шаҳри Хоруғ рух дода, хушдор менамояд, ки гурӯҳе аз ҷавонон бо ҳам омада қонуншиканӣ намуданду ба қонунҳои амалкунандаи кишвар иттоат накардаанд ва аз пеши худ ба қонуншиканӣ роҳ доданд, яъне як корманди мақомоти қудратиро (ҳифзи ҳуқуқро) бурда азобу шиканҷа доданд, ки онҳоро низ метавон мардум гуфт. Аммо мо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ ба ин гуна рафтор даст занем пас куҷо мемонад инсонгарии мо? Оё латукӯби як нафар аз ҷониби гурӯҳ аз рӯи одамигарист? Оё инсон ҳуқуқи ба ҷони кас қасдан зарар расониданро дорад? Албатта не! Эй мардум биёед ба тинҷиву ободии кишвар халал нарасонем! Ба қавле агар некӣ карда натавонем ҳадди ақал бадӣ накунем, охир мо инсонем! Биёед давлати худро ноором насозем. Вазъи имрӯзаи давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бояд барои мо дарси ибрат бошад. Ин кор на ба манфиати шумо ҳасту на ба манфиати давлат. Пас барои пойдор мондани сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ биёед сарҷамъ бошем.

Бояд имрӯз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мӯҳтарам Эмомали Раҳмонро дастгирӣ кунем ва сарҷамъ бошем. То ин, ки фарзандони мо дар мамлакати ободу осуда умр ба сар баранд. Падарону модарони мо ашки ғамро набинанд ва дар ҳаёти худ тинҷу осуда умр ба сар баранд. Мо бояд ба хотири боз ҳам ояндаи дурахшони кишвар сарҷамъ гашта камари ҳиммат бубандем.

Ҳотамова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ