Ба ТЭТ ҲНИ: Кори поконро қиёс аз худ магир

Душманони миллат роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи -24, Паймони миллӣ, бозори дассисаи навбатии худро гарм сохта бо даъвоҳои беасос ва туҳматангези худ мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, бародарро бо бародар ҷанг андохтанианд. Ҳодисаҳои нангини дар маркази ВМКБ ба амал омада кулли мардуми кишварро ба таҳлука андохтааст. Вазъи гузаштаи начандон дур барои мо сабақест. Мо мардуми кишвар шаҳди ин фитнаю хусуматро чашида хулосаи худро баровардаем. Имрӯз дар кишар низоми давлатдории миллӣ, волоияти қонун, сохторҳои қудратӣ фаъолияти густурда доранд. Ҳар як ҷиноят, ҷинояткор ва гунаҳгор дар назди қонун беҷазо намемонад.

Аз дидану шунидани суханони роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, аъзоёни паймон Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммад, Ҳусейн Ашӯров ва..... собиқ истиқоматкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин арз мекунам. Ин шахсият нисбати Ватани худ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои-миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста суханони нодуруст ва ноҷо мегӯяд. Ин шахсияти Худо бехабар омада бо мо рӯ ба рӯ суҳбат кунад, чунки аз дасти чунин шахсони бемасъулияту беэмон ва бетарбия солҳои 1991-1992 ҳоли мардуми кишвар ба кадом дараҷа расида буд. Президенти кишварамон ҷон ба кафи даст гирифта, ба тамоми мамлакатҳо сафар карда халқи худро ҷамъ оварда, соҳиби кор ва хонаю амвол гардонд. Тоҷикистон ва Пешвои моро зиёда аз 200 мамлакатҳои рӯи ҷаҳон ба расмият мешиносанд, ки ин заҳматҳои Президенти кишвар мебошад. Барои аз дур сухан гуфтан, Муҳаммадиқболи Садриддин худро шоҳи замон меҳисобад, ки ин кори зан мебошад, на мард. Мо бо ин суханҳо занҳоро паст заданӣ нестем, занҳои бонангу номуси Тоҷикистон, занҳое мебошанд, ки аз чунин мардҳои майдонғариб болотар ва волотар ҳастанд, ки номи онҳоро дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин навиштан лозим аст, зеро онҳо дар солҳои мудҳиши 1991-1992 аз ҳамин гуна мардҳо дида дар паҳлӯи Президенти худ ва барои барқарор кардани сохти Конститутсионӣ ба халқу меҳани худ хизмат карда буданд. Муҳаммадиқболи Садриддин нафарест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дилсӯзи халқ худашро муаррифӣ мекунад, ки мо зидди ҳар як сухани ӯ мебошем. Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар хизмати халқ буду ҳаст ва хоҳад монд. Хуб мешуд, ки Иқболак заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк мекарду мефаҳмид.

Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд, ҳамчун фарзандони бо нангу ори Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин душманони миллат роҳ надиҳанд, ки пояҳои Истиқлолияти кишварро заиф гардонанд, ин сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеаро ҳифз намуда, кору зиндагӣ намоянд. Манфиатҳои миллӣ-Истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоянд. Ин мардум ҳаргиз доғдори номи миллат, ватан дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад.

Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик- меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

Шамил Назарзода - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ