​ Ба қадри неъматҳои Истиқлолият бирасем…

Бо фармоишу дастурҳои хоҷагони хориҷӣ дар саҳнаи сиёсат пайдо гаштан ва ҷилвадории ТТЭ ҲНИ барои аксарияти ҷомеа далели беисбот аст ва ҳатто маълум аст, ки ин хоҷагони маблағгузори наҳзатиёни палид кистанд. Нобакорони наҳзатӣ бо тамаллуқу чоплусӣ ба хоҷагони худ часпидаанд.

Нафаре, ки бо иғвогарию дасисабозиҳои пайваста тавонист устодони ҳизбиашро чапғалат дода ба роҳбарӣ мушарраф гардад, М.Кабирӣ дар тамаллуқкорӣ ҳамто надорад. Мазҳаби падариашро дигар кардаву Ватани худро ба ивази маблағу мансаб фурӯхтааст, чӣ тавр дар ин ҷаҳон зиндагонӣ кунадҳ Мушоҳида меравад, ки Кабириро ҳирси маблағ ба ҷое бурдааст, ки шабҳо хобаш намебараду аз шабакаҳои иҷтимоӣ фитна меангезад. Аҷоиботи кор дар ин аст, ки матни баромадҳои Кабирию ҳаммаслакони чоплусаш умумиятҳои саршумори маъноӣ ва равиявӣ дорад, ки шаҳодати манбаи ягона доштани онҳо мебошад. Итминон меравад, ки тарҳи кашидаи хоҷагони аҷнабиро ин маккори наҳзатӣ ба чоплусони худ ифшо медораду лаббайгӯёнаш тӯтивор такрор менамоянд.

Макру фитнаи ин ифротиён барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо маълуму ошно буда дигар асаре надорад. Зеро, мардум аз ин ҳилаю дасиса ва бадандешиҳо ба худ хулосаи даркорӣ баровардаанд ва пешаи бунёдкориро интихоб кардаанд ва ҳаргиз роҳи пуршарафро дигар нахоҳанд кард.

Собиров М.С.
-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети
геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ