​Ба иғвову дасиса дода нашавем!

Дар масири 30 – соли соҳибистиқлолии мамлакат бо талош васаъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ собитқадамона гузашта, сатҳ ва зиндагии мардум куллан беҳтар гардид. Дар ин фосмила 87 маротиба зиёд шудани музди маош ва 54 маротиба афзун шудани даромади аҳолӣ бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад. Коршиносони маосили сиёсиву иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки агар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст, хисороти моливу ҷонӣ намешуд, имрӯз мамлакати мо ба як давлати мураққӣ мубаддал мегардид. Худи Сарвари давлат низ дар як суханронии хеш низ таъкид дошта буданд, ки мо барои пешрафти мамлакат ва созанлагиву бунёдкорӣ шурӯъ аз соли 2000 ум оғоз бахшидем. Пас имрӯз, ки мамлакати мо тӯли 20 сол ба чунин дастовардҳо ноил гардидааст, месазад барои корномаҳо ба халқ ва ба роҳнамои халқ аҳсант гӯем.

Аммо ҷаҳони мутаммадин, қудратталабии давлатҳои абарқудрат вазъи сиёсии ҷаҳонро ҳассос намудааст. Мо аз вазъи сиёсии иқтисодии кишварҳои Шарқи наздик ба хуби огаҳӣ дорем. Вазъият дар Ҷумҳурии Украина, ҳамсояи кишвари мо – Афғонистон ба ҳама маълум. Дар чунин вазъи нобасомони ҷаҳон танҳо кишваре ори аз ин газндҳо мегардад, ки муттаҳиду тифоқ бошад. Таҷрибаи талхи аввали солҳои навадум ҳар як сокини кишвари моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳанд. Танҳо маърифати баланд, дӯст доштани обу хоки Ватан, ҳисси худшиносӣ метавонад моро дар муқобили ин ҳама носозгориҳо эмин дорад.

Вазъе,ки имрӯз дар минтақаи Бадахшони Кӯҳӣ рух дода истодааст, моро бояд ба ҳамдилию тифоқӣ даъват намояд. Бо айби иддае аз тундравон, зӯргӯён санаи 14 май дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ доир гардида, гирдиҳамомадагон талаби истеъфои Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон, прокукурор вилоятро карда, даст ба харобкорӣ заданд. Чун талаботи ғайриқонунии онҳоро ҷониби Ҳукумат назируфтанд, онҳо вазъро боз ҳам иутташаниҷ намуданд. Талабгорон, ки озодии як идда ҷавонони олами ҷиноиро мехостанд, чун ба мақсудашон нарасиданд, пас аз парокандагӣ бо истифода аз яроқҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда буданд, роҳи байналмилалии Душанбе Кулмаро дар қисамати роҳи ноҳияи Рӯшонбевосита дар наздихати сарҳади давлатӣ бастанд. Ба ин кор ба онҳо зархаридони хориҷӣ низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо мехостанд амалҳои террористӣ анҷом дода, минтақа ва баъдан кулли ҷумҳуриро ба вартаи ноооромӣ табдил диҳанд. Аз ин рӯ мақомоти қудратии кишвар аалиёти виҷаи зиддитеррористиро оғоз бахшиданд.

Аз тамоми сокинони ваҳдатшиори мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин рӯзҳои ҳассос паҳлӯи давлат ва Ҳукумати кишвар бошанд, хосса аз мардуми сарбаланди вилояти Бадахшони Кӯҳӣ даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна иғвову дасисаҳо дода нашаванд. Даъват ба “адолат”, “ҳақиқате”, ки иддае аз манфиатхоҳон мекунанд, фарҷоми хуб надорад. Онҳо ба ҷузъ аз манфиатҳори хоҷагони хориҷии худ ягон андешаи миллӣ надоранд. Барои онҳо мубадал гадидани Тоҷикистон ба як кишвари ҷангзада беҳтар аст аз ҳама неъматҳо.

Максудали Азимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ