Ба биҳишт эрод мегиред?!
Офаридгор ба бахти миллати тоҷик сарзаминеро Ватан фармудааст, ки бо кӯҳсори дилфиреби осмонбӯс, чашмаҳои сероби зулол, замини ҳосилхез, ҳавои форами мусаффо, мардуми меҳнатқарин мисли гӯшае аз мулки биҳиштиро мемонад. Фарди мусалмоне, ки Парвардигори якторо мепарастад, биҳишти фармудаи Оллоҳро бидуни ягон далелу бурҳон пазируфта нияти поки расидан ба ин маконро дар қалб мепарварад. Вале, дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки худро мусалмон метарошанд, аммо ба сӯи биҳишти фармудаи Худованди мутаол – Тоҷикистони соҳибистиқлол бо нигоҳи муғризона нигариста сангпартоӣ мекунанду пайваста эроде мекобанд, гӯе худашон фариштаи пок бошанд.
Афроди шаковар ба Аллоҳи бузургро метавон дар симои аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқ метавон мушоҳида кард. Ин тӯдаи аблаҳони манфур аз ҳар гӯшаю амали Тоҷикистону тоҷикистониён норасоӣ меҷӯянду камбудие чун хасе дарёбанд, ба ҷаҳониён чун ҳолати фавқуллода пешниҳод менамоянд. Баъзе падидаҳои номатлуб – ришваситонӣ, порахӯрӣ, беадолатӣ ва ҳоказо дар ҳамаи ҷомеаи мамлакатҳои олам мавҷуданд, вале на ҳамаи роҳбарони давлат бар зидди чунин падидаҳо мубориза мебаранд. Дар сатҳи мамлакатҳое, ки муқовимати шадидро зидди чунин падидаҳо оштинопазирона пеш мебарад, Тоҷикистони маҳбуби мо пешсафу пешрав ва муваффақ маҳсуб меёбад. Лекин, наҳзатиёни палид ин тадбирҳоро нодидаву ношунаво пиндошта ба оламиёни бехабар нисбати соҳибихтиёру соҳибистиқлоламон эродҳои беасосу бардурӯғро паҳн менамоянд. Ин разилони муттаҳам ақаллан, гиребони худ бӯй кашида аз ин кирдорҳои аблаҳона худдорӣ мекарданд? Зеро, ғайра аз эродгириву бӯҳтонбофӣ дигар чӣ амали мусалмонзеб кардаанд?
Наҳзатиёни ватангадо дар сарзамини аҷдодӣ ҳамеша бегона буданд, нафсу айшу ишратро болотар аз ҳама чиз медонистанду ва то ҳол изи пойҳои нохалафонаи онҳо аз хотираи мардум ноаён нашудааст. Агарчӣ, хуб медонанд, ки биҳиштро аз наздик дида наметавонанд, хоҳиши бахилонаи расонидани зарар ба онро амалӣ сохтани мешаванд. Огоҳанд, ки хоҷагони хориҷии маблағгузор ба даҳони онҳо тӯҳмату фиребро ҷой кардаанду лек аз роҳи интихобнашудаашон барнамегарданд! Ҳатто омодаанд, ки шабу рӯз дар Тоҷикистон нооромиро ба вуҷуд биоваранду “дар оби лой моҳӣ доранд”. Аммо, исбот шудааст, ки мардуми бофарҳанги оддӣ бо якдилию ваҳдат, шукргузорӣ аз давлатдорӣ ва ҷиҳатҳои дигари мусбат барои мубориза бо афроди нопоки наҳзатӣ дар якҷоягӣ омода ҳастанд. Танҳо нафарони кару кӯр, нобинову ношунаво ин дастовардҳоро инкор мекунанду хоҳиши сарзании зӯроварию таҳдиду хатарро доранд.
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”