​Ҷаззобияти оҳанрабо!

Нафароне, ки ба ҳукми тақдиру сабабҳои мухталиф – муҳоҷирати меҳнатӣ, иҷборӣ, сафари давомноки хизматӣ, таҳсил ва ҳоказо берун аз макони зисти худ доимӣ ё муваққатан муқими маҳалли дигар шудаанд, мусофир маҳсуб меёбанду мусофират чӣ вазниниҳо дорад, хуб дарк намуда метавонанд. Дар ҷараёни мусофират фарди ватандӯсту меҳанпараст бори дигар фазои орому осуда, табиати нотакрор, забони модарӣ, аҳли пайвандон, анъанаву одатҳои миллӣ, таъомҳои лазиз ва арзишҳои гуногуни миллиро пазмон мешаваду ба қадри онҳо мерасад. Алалхусус, ҳангоме, ки атрофиён бо огоҳ гаштан аз кадом мамлакат буданатон доир ба дастовардҳои Ватанатон сухан мекунанд, ватандорро ҳисси гуворо пахш мекунад.

Хоки пок, оби зулол, ҳавои фазои созанда ва ҷанбаҳои дигари муҳити солими Ватан – Модар, чун оҳанрабо фарди солимандешро ба сӯи худ мекашаду беихтиёр майлу хоҳиши баргаштан ба оғӯши сарзамини биҳиштосоямон даҳчанд меафзояд.

Хурсандиовар аст, ки алҳол дар миқёси ҷаҳон Ватани маҳбубамон ҳамчун мамлакати ташаббускори ҳифзи захираҳои об, дорои захираҳои бойи табиӣ, табиати бемисл ва мардуми тамаддунофару фарҳангсолор муаррифӣ гаштааст, ки мояи ифтихор дар ҳалқаи ҳамкасбон аз давлатҳои дигар мебошад. Давоми будубош дар кишвари бегона эҳсосоти аҷиби меҳру муҳаббат ба Ватан аз қалб саршор мегардаду таъми лазизи оби кӯҳсорони осмонбӯсамон беҳтар аз “ганҷи Сулаймон ” метобад.

Дар радифи андешаҳои баёнгашта тамоми ҳамватанони худро ҳушдор медиҳам, ки бахту иқбол, толеи баланд зиндагонӣ дар сарзамини аҷдодӣ асту, ҷаззобияти бемисл дорад. Аз ин лиҳоз, заҳмату талошҳо баҳри ободониву сарсабзии макони зодаамон қарзи олии инсонӣ аст, ки мебояд бо ҳисси шукргузорӣ ба иҷро расад. Зеро, таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ватани моро бояд худи мо обод намоем”, “Тоҷикистон - Ватани тамоми тоҷикистониён аст” ва ғайра мебояд шиори ҳамарӯзаи фаъолияти ҳамаи солимандешони кишвар бошад. Сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, якдилию хайрандешӣ барои расидан ба дастовардҳои нав ба нав мусоидат мекунад ва мебояд ҳамаи ҳамватанонамон дар таҳкими комёбиҳои накӯи Ватан саҳмгузор бошанд.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ