Ҷазои муносиби беандешагӣ!
Фарди соҳибақлу бофарҳанги худошинос ҳар амали худро дар тарозуи мафкураи ҷомеа бармекашад ва умед мебандад, ки ҷомеа аз ӯ заррае бошад ҳам интизори нафъест. Мутаасифона, Офаридгор на ба ҳар нафаре ақлу тамиз, фаҳму фаросот арзонӣ доштаасту тоифае аз афроди бадтинат мавҷуданд, ки ҳирси нафсу манфиати хешро аз ҳамаи манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд.
Чунин афрод андеша надоранд, ки амалу кирдорҳояшон мисли кафки рӯи об ҳеҷ оқибате надораду ҳамчун аккоси саги занҷирбанд танҳо боиси гулӯхарошӣ мешаваду халос. Аммо, бар замми ҳама, агар бадтинатӣ ба ивази пулу мол бошаду ғояҳои хоҷагони бегонаро ифода намояд, бадтарини зуҳуроти ботинӣ аст, ки инсонро ба дараҷаи ваҳшоният бозмегардонад.
Одатан, аксарияти мардум дар такопӯи зиндагии ҳаррӯзаи худ ба ҳодисаву воқеаҳои атрофи худ эътибори зиёд намедиҳанд. Вале, гар бо таҳдидузӯрӣинсонро ба сӯи худ гаравиданро эҳсос намояд, дар қалбаш ба ин афрод нафрате пайдо мешавад, ки алоқаманд ба ҳуқуқи комили инсонист. Ҳаводиси замонҳои охири минтақаи Бадахшони кишварамон бо номи авбоши муттаҳам Боқири мавқехоҳ марбут аст. Ин нафари дур аз эҳсоси ватандорӣ бо зӯриву таҳдид дар атрофи худ тӯдаи каҷрафторон ғун кардаву дар итоат ба фармони хоҷагони хориҷиаш ноором сохтани вазъи сиёсӣ – иҷтимоиро мақсад гузоштааст. Умеди пуч дошт, ки мардум аз паси ӯ мераванду иҷрои супоришҳои хоҷагон таъмин мегардад. Лекин, исбот гардид, ки мардум дар ватандӯстӣ содиқанду аз авбошони бадзот пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Хушбахтона, тадриҷан вазъи сиёсӣ – иҷтимоии Бадахшон алҳол ба эътидол омадаасту бо тавонои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай баъзе боқирпарварон дастгир шудаанду дигаронро ба таслимшавӣ даъват менамоянд. Метавон бо итминони комил изҳор дошт, ки Боқири паноҳгирифтароҷазои муносиб дернамепояд. Тӯдаи чоплусони Боқири авбошпеша аллакай дар берун аз Ватан ба худ сарпаноҳе ёфтаву азми сафар вахалосӣ аз амалҳои Боқирро ихтиёр кардаанд. Эҳтимол меравад, ки дере нагузашта дар куҷое набошанд, ин тӯдаи авбошони муттаҳамро ҷазои қатъӣ дарёб мекунад. Бар замми шармандагӣ байни мардуми аҷдоди хеш, онон бо сабаби гӯшандозӣ ба Боқиру хоҷагонаш унвони “хоину ватанфурӯш” – ро сазовор гаштаанд ва ватангадою дур аз авлод шудаанд. Ана, оқибати беандешӣ ва ҳамсӯҳбатӣ ба Боқири аламзада!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”