Аз торикӣ ба рӯшноӣ

Саҳари аз бомдод зи дамидани субҳи босафою офтоби нурафшон шукр мегӯям, ки дар фазои ободу осоишта ва мулки ҷаннатафзо Тоҷикистони азизу меҳрубонам умр ба сар мебараму боз ба як рӯзи нав расидем. Шукронаи сарзамини ободу осоиштаамонро мекунам, шукри хандаҳои кӯдакону хотири ҷамъи модаронро мекунам, шукр мекунам. Вақте, ки таърихро варақгардон мекунем мебинем, ки мардуми тоҷик чи гуна сахтиҳоро паси сар намуд. Дар хотир дорам, ки рӯзҳое буд, ки барои як бурдаи нон соатҳо дар навбат меистодем, ҳама ҷоро қимматӣ фаро гирифта буд. Мардум ба ояндаи дурахшон умед надоштанд. Вале хушбахтона аз паси тирагиҳову зулмат ба сари мардуми тоҷик офтобе дурахшиду мардумро аз торикӣ берун овард ва ба дили мардуми тоҷик шуълаи умед ба ояндаи дурахшон бахшид. Бо ташаббусҳову худкориҳояш мардумро аз вартаи гуруснагиву сарсони бароварданд.

Мардуми тоҷик бо сарварии марди оқилу доно кордону дилсӯзи мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти худро ба даст овард. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо нон серию пурӣ, мағозаҳо пур аз хӯрокворӣ, дар бозорҳо тамоми маҳсулотҳои хӯрока ва дигар молҳои талаботи ҳарруза фаровон аст.

Вале нафароне ёфт мешаванд, ки пешравиву ободии моро чашми дидан надоранд. Ва фурсатҳоро ғанимат шуморида аз ҳар тараф ба мо теғи ҳасудро мезананд. Гарчанде онҳо медонанд, ки мо қувваи бузургему шикастнопазирем. Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш барин хоинон хурсандиву ободии моро чашми дидан надоранд. Оҳо ҳамеша аз пайи иғвову бадном кардани мо тоҷикон ҳастанд. Суханони онҳо по дар ҳавову пучу бемаъниянд. Вале онҳо инро дарк намекунанд дарди ҳасуди чашми онҳоро чунон гирифтааст, ки чун саги лайлӣ барин аккос зада мегарданд. Ба қавли зарбулмасали русҳо “Собака лает, ветер уносит”. Мо ҳеҷ гоҳ ба фитнаи онҳо дода намешавем ва намегузорем, ки касе ба миллати мо халал расонад.

Ту бидон, ки мо шикастнопазирем ва то ҷон дар бадан дорем барои ҳифзи як порча замини давлати худ мубориза мебарем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ