Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ
Тоҷикистондар давоми муносибатҳо дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001, 2006, 2013 ва 2016 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2010 ва 2014 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисод, тиҷорат, об, энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Афғонистон яке аз ҳамсарҳадҳои наздики Тоҷикистон мебошад, ки хати сарҳади давлатӣ асосан бо дарёи Панҷ тарафи чапи дарёи Амударё мегузарад. Масофаи умумии байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1344,15 километрро ташкил медиҳад.
Чуноне, ки дар урфият мегӯянд “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ”баъди запти ТОЛИБОН ҳамчун ҳамсоя диламон ба мардуми ҳамсоякишвар сухт. Зеро беадолативу бераҳми ҳукмфармо гардиду ҳатто худи мардуми Афғонистон аз кишвари худ гуреза шуда рафтанд. Ҷаҳонро вазъияти Афғонистон ба ташвиш оварду бар ҳоли мардуми Афғон дилашон сухт. Баъзе кишварҳо муҳоҷирони Афғонро қабул карданд ва аксарияти дигар кишварҳо эътироз баён намуда иброз доштанд, ки “Миллате, ки ҳуқуқу манфиатҳои халқи худро поймол мекнад ва эҳтиром намекунад, ҳоҷат ба дастгирӣ нест” ва ҳатто дар ҳолати ба сарҳад наздик шудан кушодани оташ эълон карданд.
Чуноне, ки Саъдии бузургвор фармудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ба ҷуз дарде, ки оварад рузгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ба ҳамин маънӣ, вазъияти баамаломадаи Афғонистон моро низ дар канор нагузош ва Пешвои муаззами мо дар вохӯрии сарони давлатҳои иттиҳоди мустақил ин масъаларо бардошта даъват бар он намуданд, ки Созишномаи сулҳ баста шавад ва дар Афғонистон ҳолати оташбас эълон карда шавад ва ҳукумати дастаҷамъона, ки манфиатҳои тамоми аҳолиро ҳифз намояд, ташкил карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Сарони давлатҳои ИДМ пазируфта шуд ва дастгирӣ ёфт.
Мо ин гуна сарвари ғамхору меҳнатдӯст ва дӯстдори халқу хоку марзу буми хеш ифтихор дорем ва дуои ҷони онкасро мекунем ва шукрона мекунем, ки Ватани азизу маҳбуб бо ном Тоҷикистон дорем.
Биоишаи Назар