Аз ашхоси иғвогар дурӣ ҷӯем!
Пўшида нест, манфиатхоҳоне, ки фазои иттилоотии моро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд, шеваю услуби ба худ хос доранд. Онҳо маълумотҳои дурўғу ғаразнокро хеле моҳирона ва бо истифода аз шеваи ҳадафрас интишор менамоянд. Дар чунин ҳолат амнияти ҷомеа ба хатар рў ба рў мешавад. Зеро маълумоти нодуруст метавонад, дар ҷомеа боиси пайдо шудани шубҳа ва ҳатто низоъ гардад. Чаро?
Ҳоло тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аъзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ саҳифаҳоеро чун “Паймони миллӣ”, “Садои мардум”, “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил”, “Ахборком”, “Бомдодком” ва ғайраҳо, ки аз ҷониби Шавкати Муҳаммад, Муҳаммадиқбол, Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дар доираи он даҳҳои дигар пайравони ин ҳизби эктремистиву террористӣ пеш мебаранд, дар ютуб давр мезананд, ки аз маърифати пасти онҳо дарак медиҳад.
Дар ҳар як барнома доду фиғону беасос, суханҳои берун аз мавзуъ, дашному алфози қабеҳ ва муносибати носозгори онҳо тавассути ин барномаву шабакаҳо дида мешавад, ки инҳо метавонанд ҷомеаи моро гумроҳ созанд. Беҳуда аз ҷониби Суди олии мамлакат ҷонибдорону аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳо экстремистиву террористӣ эълон нагардидаанд, аз ҷониби дигар такаббуриву низоъандозӣ ва ноором сохтани фазои сулҳу ваҳдати тоҷик ҳадафи онҳост.
Аз андешаҳои онҳо бармеояд, ки мактаби одаму одамгарӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстиро нагузашта, гӯянда ва шунавандаро то охир гӯш карда наметавонанд, ба хушсуханӣ ва одоби муоширату ахлоқ эҳтиёҷ доранд. Зеро чунон асабӣ мешаванд, ки ин тарбияи нодурусти онҳо дарак медиҳанд...
Дар маҷмӯъ, эҳтиёткорӣ аз ин гуна ашхос, дурӣ аз барномаҳои заифу бекора, сармашқи кору фаъолияти ҳар як шаҳрванд бошад, зеро ин тадбир метавонад моро аз ҳамагуна падидаҳои манфӣ ва андешаҳои носолим эмин нигаҳ дорад.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ