Аз ҳамсоя душман намесозанд...
Дар даргириҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин муноқиша хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд.
Ҳарду ҷониб дар ин баҳс якдигарро гунаҳкор медонанд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи ишғоли қаламравиаш аз ҷониби Тоҷикистон хабари бардурӯғ паҳн карда, тамоми айбро ба тарафи кишвари ҳамсоя мегузаронанд. Аммо ҳолати ҳақиқӣ дигар аст. Барои ин чанд маълумотҳоро овардан зурур ва онҳо туҳмат будани ин хабарҳоро низ исбот мекунанд:
1. Тибқи гузоришҳо, ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар рӯзи оғоз шудани низоъ 137000 нафар шаҳрвандони худро аз манотиқи марзӣ кӯчонида шуданд. Яъне маълум аст, ки онҳо ба ин муноқиша пешакӣ омодагӣ дидаанд. Зеро дар як руз ин қадар одамонро ба дигар чо овардан мумкин нест. Яъне барои ин омадагии сатҳи баланд зарур аст.
2. Бино ба гузоришҳо, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин боиси марги теъдоди зиёди одамон дар қаламрави Тоҷикистон шудааст. Маълум мешавад, ки дар бораи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷониби Қирғизистон муддати тӯлонӣ гузоришҳо пахш мешавад ва маълум аст, ки онҳо нияти бадхоҳ доштанд.
3. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муноқиша таҷрибаи зиёд дорад ва чанд сол боз бо истифода аз ин таҷриба ба Қирғизистон барои ҳалли низоъ пешниҳодҳо мекунад. Аммо ҳамсояҳо посухи ҷиддӣ намедиҳанд. Яъне барои ҳалли низоъ талош намекунанд, яъне онҳо ягон ҳадафе дигар доранд.
4. Дар элитаи сиёсии кишвари ҳамсоя як навъ норавшанӣ ё ки итоат накардан ба баъзе фармонҳои сарвари давлат мушоҳида мешавад. Ин ҳолат инчунин ба ҳалли низоъ монегӣ зоҳир менамояд.
5. Аз муноқишаи соли гузашта ҷониби Қирғизистон сарҳадро комилан бастанд. Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон борҳо барои ҳалли ин масъала пешниҳодҳо ироа карда бошад ҳам, роҳбарияти кишвари ҳамсоя онро нодида гирифтанд.
Албатта, ин зиддиятҳо дар як сол пайдо нашудаанд. Муноқишае, ки аз замони шӯравии собиқ боқӣ мондааст, дар як шабонарӯз ҳал намешавад. Аз ҷумла, ҳеҷ кадоме аз тарафҳо барои ҳалли масъалаи сарҳад ба ҷанг рафтан ихтиёр надоранд ва ба он омода нестанд. Фақат бо нишон додани иродаи сиёсӣ масъаларо ба таври мусбат ҳал кардан мумкин аст. Нозукии масъала дар он аст, ки дар маҳалҳое, ки шаҳрвандони ду кишвар ба сар мебаранд, киштзору чарогоҳҳо мавҷуданд. Ё манобеъи об ҳам ба авҷ гифтани низоъ таъсир расонида истодааст. Зеро тоҷикону қирғизҳо аз давраҳои қадим аз як дарё об менушанд. Имрўз ин манбаъҳои об аз як кишвар ба кишвари дигар мегузарад ва боиси низоъ шуда истодааст.
Ба фикри мо, вақти ҳал кардани низоъи ба вуҷуд омада расидааст. Ҳамсояҳои мӯҳтарам, мо мехоҳем ба шумо чанд саволу пешниҳодро баён кунем:
1. Ба фикри мо, бо мардуми маҳаллӣ ва роҳбарони онҳо суҳбат кардан хеле зарур аст. Зеро барои ҳал намудани масъала ин амалиёт зарур мебошад. Ба фикри мо халқҳое, ки дар сарҳад зиндагӣ мекунанд, ҳаргиз тарафдори ҷанг нестанд.
2. То кай сиёсати худро ҳамчун озордида нишон доданро идома медиҳед? Ҷангро сар карда, фикри аз об хушк баромадан чӣ маъно дорад? То ба кай аз минбарҳои баланд дуруғгуеро давом медиҳед?
3. Ба Шумо чӣ халалдор мекунад, ки анъанаҳои неки ҳамсоягиро фаромӯш кунед? То ба кай мардуми бегуноҳ дар сарҳад бо хавотирӣ зиндагӣ мекунанд? Оё шумо ҳамсояҳои азиз, метавонед иродаи сиёсиро барои ҳал намудани масъала равона созед?
4. Кудакони хурдсол ва модарони фавтида чӣ гуноҳ дошт? Ё сабаби куштани онҳое, ки барои адои маросими ислом ба масҷид омаданд, дар чист? Вайрон шудани манзилҳои сокинони осоишта, ки дар арафаи зимистон аст, чӣ метавон номид? Чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки кӯдаконе, ки нав ба мактаб рафтаанд, бо сабаби хатар ва равонии онҳо як муддати муайян аз мактаб дур мешаванд? Ҳамсояҳои азиз то ба кай шумо раҳбаронеро, ки аз ихтилофҳо фоида меоранд, сарвар таъин мекунед? Саволҳо зиёданд ва кай мефаҳмем, ки вақти посухи саволҳо аллакай расидааст.
Дар Осиёи Миёна ихтилофоти зиёде вуҷуд дошт. Мо инро дар таърих бисёр хондаем ва ҳамроҳи муаллимон онҳоро маҳкум кардем. Ҳамсояҳои азиз, фаромуш накунем, ки мо дар асри XXI зиндагӣ дорем. Дар саросари ҷаҳон барои инкишоф додани илму маориф, техникаю технология корҳои ҷиддӣ рафта истодааст. Дар ин дунё лоиҳаҳои азим сохта шуда, барои осон кардани зиндагии инсонҳо корҳои бузург анҷом дода мешаванд. Аммо мо то кай дарк мекунем, ки хуни ҳамсояро рехтан ва аз ҳамсояҳо душман сохтан гуноҳи азим аст.
Вақти он расидааст, ки бо чунин андешаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, биёед аз масъала дар канор нашавем. Сухани мутафаккирони худро, ки дар бораи ба халқи худ гузоштани корҳои нек фаромуш накунем.
Равшан Усанов,
номзади илмҳои фалсафа, ДДХ