​Аввалин парвози инсон ба кайҳон

Дарси назариявии донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси математикаи амалӣ ин навбат дар планетарияи шаҳри Хуҷанд ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ доир гардид.

Ин иқдом ба муносибати Рӯзи Кайҳонавардон аз тарафи сармуаллими кафедраи назарияи физика номзади илмҳои техникӣ Иброҳимов Пайрав ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур аз фанни консепсияҳои табиатшиносии муосир ба роҳ монда шуда, мавзуи он "Аввалин парвози инсон ба кайҳон" унвон дошт.

Дар доираи дарс аз ҷониби омӯзгор мавзуъ мавриди шарҳ қарор гирифта, усулҳои фаъоли таълим истифода шуд.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб мавзуи дарс мустаҳкам гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ