​Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Дар факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм” бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Ба чорабинӣ дотсент Мунира Юсупова - мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки падидаҳои номатлуби ҷоомеи мусир кулли сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд алайҳи ин хатарҳо дар муборизаи беамон бошанд ва фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нагарданд.

Баъдан, донишҷӯ Н.Солихоҷаева оид ба қабули “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақсад ва маромҳои он ҳарф зад. Зикр гардид, ки қабули он дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм амали саривақтӣ буда, дар пешгирии падидаҳои номатлуб нақши муассир дорад.

Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён Қароева Н. ва Ихтиёров А. муаррифӣ оид ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ намоиш дода шуд.

Дар охир миёни ишитирокчиён мубодилаи афкор суат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ