Ҷавонон зидди амалҳои ифротӣ
Тоҷикистон дар ҳақиқат пеши роҳи сироятёбиро аз вабои аср терроризм ва ифротгароӣ, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт.
Аммо ин маънои ғалабаи пурраро дар ду даҳсола ифода намекунад. Гурўҳҳои нав дар пешоҳанг пайдо шудаанд. Террористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд.
Мо изҳор менамоем, ки бояд на танҳо душманони алоҳида, балки ҳамаи системаҳои дастгирии онҳо ошкор карда шавад. Террор аз куҷо маблағгузори карда мешавад бояд ҷавоби дуруст дошта бошем. Террористон ба давлати миллӣ ва миллат боварӣ надоранд.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишандӯзӣ ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом доданд.Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки Сарвари давлат ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: ”Ҷавонони кишвар” бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта , ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмонивуақлонии худро ба хотири таҳкиму, давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳоидаврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иҷтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд.