Ҷавонон ва таҳдидҳои ҷомеаи муосир муосир
Инсон табиатан пок ва бенуқсон ба дунё меояд ва барои чунин ташаккул ёфтанаш оила нақши асосиро иҷро мекунад. Кӯдак намоди як лавҳаи тозаест, ё як навниҳолест, ки мо онро ба кадом самт, ки дар он чизе навишта нашудааст ва оила навишта мекунад ва он ниҳолро кадом самт хоҳем ба ҳамон шакл инкишоф медиҳем. Оила аст, ки дар сифатҳои ифтихоромез, ё зиллатро дар сарнавишти кӯдакон менависад. Оила шахсияти кӯдакро такмил медиҳад ва зиндагии ояндаи ӯро мушаххас ва муайян мекунад, дар вуҷуди кӯдак рӯҳи созандагӣ ё вайронкориро эҷод мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки: “Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад”.
Дар ҳама зинаҳои ташаккули шахс оила нақши муассир гузошта меояд ва зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кӯдак дар оила оғоз меёбад. Кӯдак ба мафҳумҳои хубӣ, бадӣ маҳз дар оила шинос мешавад. Аз ин бармеояд, ки ҳаёти оилавӣ заминае барои ворид шудан ба зиндагии иҷтимоӣ аст. Оилаи хуб шабеҳи беҳтарин таълимгоҳ аст, ки дар он мактаб кӯдак лабханд, хушҳолӣ, хушхулқӣ, худдорӣ ва бурдборӣ, вазифашиносӣ ва ахлоқро меомӯзад, ҷисман, рӯҳан, фикран ташаккул меёбад, роҳ меёбад ва ба ҳамин васила ба ҳаёти иҷтимоӣ ворид мешавад. Ва баръакс оилаи номуносиб бадтарин мактабест, ки кӯдак дар он ҷо дарси интиқом, хашм, ҷиноят ва дурӯғро меомӯзад.
Муҳаққиқ Комилова М. зикр медорад, ки “Кӯдаконе, ки бо муносибати дағалона мувоҷеҳ шудаанд, ба қаҷрафторӣ даст мезананд. Аксари ҷинояткорони синну соли наврасон ва фирориёни хона дар як вақт ба бераҳмии волидонашон гирифтор шудаанд. Дар баробари фазои психологӣ дар оила, гурӯҳи хонаводае, ки дар он кӯдак тарбия меёбад, аҳамияти калон дорад”. Бино ба андешаи ӯ, пароканда шудани оила ё набудани назорати падару модар аксаран ба рушди майли ҷиноии кӯдакон оварда мерасонад. Таҳқиқоташ бозгӯи он аст, ки қисми зиёди ҷиноятҳои ноболиғонро дар оилаҳои нопурра, яъне, ҷудошуда, содир мешаванд, ки онҳо бо муҳоҷират, беэътиноӣ, беэҳтиромӣ ва норасоии ғамхориҳо мувоҷеҳ гаштаанд, ки кӯдак бо модар мондааст ва дар он ҷо ҳамоҳангӣ, муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ва дилбастагӣ ҳукмрон нест.
Дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон мо бояд назоратро ба души танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунем, ин амали дастаҷамъона мебошад ва хостан волидайн ва дӯстону наздикон бетараф набошанд. Зеро тарзи зиндагӣ ва доираи иҷтимоии наврасон маҳз аз ҷониби наздикон ва дӯстон назорат бурда мешавад. Ин шакли назорат кори якрӯзаву дурӯза не, балки пай дар пай ва мунтазам мебошад. Ва ҳамин шакли назорат болои наврасону ҷавононро метавон яке аз роҳҳои дурусти тарбия маънидод кард.
Эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои муосир на танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ, балки рисолат ва масъулияти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар самти пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон бояд на танҳо ячейкаҳои иҷтимоӣ, инчунин тамоми қишр ва ниҳоди ҷомеа бояд масъулият эҳсос намоянд.
Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров