​Ҷавонон ва хатарҳои ҷомеаи муосир

Санаи 26-уми октябри соли равон бо мақсади тарғиби ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, пешгирии падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон дар толори факултети санъат вохӯрии масъулини шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонони донишгоҳ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюб Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва бенизомӣ мебошад.


Дар вохӯри хатарҳо ҷомеаи муосир, терроризму ифратгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмону ташкилотҳои террористии маблағгузоришаванда ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки дар ҳама ҳолат зираку ҳушёр бошанд, ва фирефтаи ақидаҳои ифртиву иртиҷоӣ нагарданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ зикр карда шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамарӯза бо баробари омӯхтани донишҳои замонимуосир баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву ҳуқуқии хеш тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин роҳ баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои номатлуб саҳми арзандаи худро гузошта бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ