​Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат

Дар мавзуи “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” дар хобгоҳи №3 конференсияи илмӣ баргузор шуд. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ роҳандозӣ гардид.

Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, номаи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон манзури иштирокчиён гардид.

Мудири кафедра дотсент Холдоров Ойбек дар мавриди сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуда, донишҷӯёнро ба муносибати моҳвораи ҷавонон, ки ҳамасола моҳи май таҷлил мегардад, табрик гуфт.

Донишҷӯёни курси якуми факултети геоэкология ва туризм таҳти роҳбарии омӯзгор Ҳоҷиева Мунира дар бораи нақши ҷавонон дар пешбурди ҷомеа саҳнаҳо ба намоиш гузошта, шеъру суруд қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ