​Ҷавонон - ояндасози давлату миллат

Таҳти ин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва технология миёни донишҷӯён баҳси “Рӯ ба рӯ” доир гардид. Ин ташаббус дар арафаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ декани факултет Ҷӯраева Хайриҷон, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, инчунин устодони кафедраҳо ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар баҳси “Рӯ ба рӯ” ду нафар - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси технология Одинаева Нигора ва донишҷӯи курси 3-юм Шарифзода Шоҳоналӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар мавзӯи болозикр ибрози назар намуда, перомуни нақши ҷавонон дар рушди давлат ва ҷомеа сухан карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ