​Ҷавонон қишри ояндасози давлат

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология вохӯрии донишҷӯён бо муовини филиали Суғдии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фирдавс Фахридинзода баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ширкат варзиданд.

Бахтиёр Шомирзоев ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, роҷеъ ба дастовардҳои замони истиқлол сухан кард. Сипас, Фирдавс Фахриддинзода перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва оқибатҳои нохуши он ҳарф зад.

Зикр шуд, ки нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва дар мубориза бо падидҳои хатарзои ҷаҳони муосир басо чашмрас буда, ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлат, қишри ояндасоз ва иқтидори пешрафти миллат мебошанд.

Хайёмиддин Исмоилов доир ба масъалаҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ, истифодаи дуруст ва мақсадноки шакабаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин мулоқоти силсилавӣ мавсимӣ набуда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва мақомотҳои дахлдор мунтазам дар тамоми факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ