Авбошонро сардор мехоҳанд?
Воқеаҳои тирамоҳи соли қаблӣ дар шаҳри Хоруғ ба амал омада қазияи ҳузнангез дар таърихи миллату Ватан боқӣ мемонад ва аслияти он барои фардони солимақл маълуму равшан аст. Алалхусус, дар муроҷиатномаи худ Амридин Аловатшоев ҳамаи тафсилоти он рӯзҳои мудҳишро баён намуда нафарони алоқаманд ба онро ном ба ном баён менамояд, ки яке аз онҳо авбоши номӣ Боқир мебошад, ки барои худсафедкунию ҷинояткории худ изҳороти видеоӣ сабт кардаву дар шабакаи иҷтимоӣ ҷой додааст. Аз ин амали сардори тӯдаи авбошони худхаёлдушманони дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳу илҳом гирифта ба сӯи Ватани маҳбубамон сангпартоӣ бо суханпарозӣ мекунанду ҳангомаҳои нав эҷод менамоянд. Лоақал моҳияти суханҳои Боқирро дарк накарда ӯро ғаюру кордон, ҷасуру қаҳрамон ва сиёсатмадор мешуморанд. Эҳтимол меравад, ки ин муаллифони ҳамовозӣ бо Боқир худ низ авбоши маънавӣ ҳастанду ҳуқуқи сухангӯи аз номи мардуми Бадахшонро надоранд. Зеро, ҷойи иқомат дур аз Ватану нерӯи зеҳниашон таҳти идораи сарпарастони хориҷӣ қарор дораду чун тӯтии зебо ғут – ғут мехонанд ва ҳеҷ давру замон ба мардуми зодгоҳи худ манфиате наовардаанд.
Тарғиби сиёсати маҳалгароӣ ҷорӣ кардани қонуни ҷангал ва бемасъулиятиву беэҳтиромӣ нисбати мақомотҳои расмии давлатӣ симои аблаҳонаи тӯдаи авбошонро бо саркардагии Боқир ифшо месозад, ки тасдиқи ноҷавонмардиҳои ононро Амридин изҳор кардааст. Афроди ифротгаро бошанд ба ҷойи даъвати мардум ба ваҳдат ва авбошони “бесилоҳ” барои ихтиёрантаслимшудан ба мақомотҳои қудратӣ аз “пашша” (Боқир) фил сохтанӣ ва ҳатто сиёсатмадор тарошиданӣ ҳастанд. Ҳол он, ки сиёсатмадор мебояд шахсияти босаводу бофарҳанг бошаду Боқир шояд ҳатто дар дабистон низ таҳсил накардааст, ки аз пазироии қонунҳои ҷангал будани ӯ дарак медиҳад.
Мардуми оқилу сарбаланд ва бофарҳанги Бадахшонро даъват менамоям, ки ба сафсатаву бӯҳтонҳои Боқиру ҳамовозонаш фирефта нашаванд. Дар мавқеи садоқат, муҳаббат ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ устувор бошанд. Зеро, Бадахшон узве аз организми ягонаи Тоҷикистон асту “агар узверо набошад қарор, тан низ осуда намешавад”. Мақомотҳои қудратӣ бошад вазифадоранд, ки тӯдаи авбошонро бо қатъият ба маҳкама кашида ҷазои сазовор диҳанд. Ҳамватанони ватангадои Боқирро зарур аст, ки ба сӯи Ватан оянду бо огоҳӣ аз аслияти воқеа баъдан баҳодиҳӣ намоянд.
Сабиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”