​Асосҳои таҳқиқоти илмӣ

Ин навбат дарси амалӣ аз фанни “Асосҳои таҳқиқоти илмӣ” барои донишҷӯёни курсҳои сеюм аз ҷониби дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Ҳакимова Шоирахон дар Китобхонаи илмии донишгоҳ ҷараён гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи барномаи корӣ (силлабус) дарс ба мавзуи “Рисолаи хатм ва усули таҳияи он” (библиография, усули таҳияи китобнома барои рисолаи хатм) бахшида шуд.

Директори китобхона дотсент Дилбар Самадова оид ба таҳияи китобнома мувофиқи феҳрасти китобхона ва сомонаҳои алоҳидаи китобхона ҳарф зада, доир ба тарзи истифодаи феҳрасти адабиёт маълумоти муфассал дод.

Гирд овардани адабиёт оид ба мавзуи тањќиќӣ (адабиёти меъёрї, сарчашмањои дасти аввал, адабиёти илмию таълимї), тањияи фењристи библиографї, рўйхати адабиёт оид ба фанни омўхташаванда, каталогњои фании китобхонањо (ба ном каталоги системавї), љустуљўи мавзуъ дар Интернет аз нуктаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи дарс ба донишҷӯён перомуни он иттилоъ дода шуд.

Ҳамзамон, барои донишҷӯён сомонаи китобхона ва каталоги электронӣ муаррифӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ