​Асарҳои Пешвои миллат-ганҷи бебаҳо

Дирӯз бо ташаббуси кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣдар хобгоҳи №2 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Асарҳои Пешвои миллат-ганҷи бебаҳо” баргузор гардид.

Чорабиниро омӯзгор Иброгимова М. ифтитоҳ намуда, доир мақом ва манзалати асарҳои арзишманди Пешвои миллат ибрози назар намуд. Сипас, донишҷӯён оид ба ҳаёту фаъолият, хизматҳои беназир ва асарҳои Пешвои миллат маълумоти доданд. Пас аз шунидани маърӯзаҳо донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат, Тоҷикистон ва сулҳу субот шеърҳо қироат намуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиноси донишҷӯён, ифтихор бо Президенти кишвар ва шиносоӣ бо асарҳои бебаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ