​Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар!

Таҳти чунин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯён доир ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа гардид. Баромадкунандагон роҷеъ ба нақши Пешвои миллат дар рушди Артиши миллӣ ибрози назар намуда, афзуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст, ки имсол аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад. Ҳамчунин таъкид рафт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ҷасорат аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия мекунад.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи консертӣ, қироати шеъру гуфторҳо, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ