​Ҷараёни конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия дар толори факултет доир шуд, ки декани факултет, дотсент Неъматзода Муқаддас Ҳабиб ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия барору муваффақиятҳо таманно намуданд.

Дар конференсия даҳ маърӯза аз ҷониби устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ва педагогию табиӣ-риёзӣ ироа гардид. Муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Баҳриев Файзуллоҷон чорабиниро раҳнамоӣ кард ва бо муҳтавои маърӯзаҳо устодонро шинос намуд.

Сипас, устодон гузориш ва маърӯзаҳои хешро ба маърази аҳли нишаст вогузор намуданд. Аз ҷумла, декани факултет, дотсент Неъматзода Муқаддас дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони давлатӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳлиллоев Турдимурод дар мавзуи “Ташаккули салоҳияти роҳнамоии касбиииомӯзгори оянда” ва дотсент Умарова Матлуба оиди “Салоҳиятнокии муошират сифати муҳими касбии омӯзгорӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво истифода аз воситаҳои техникӣ намуданд.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Шоира Ҳакимова дар мавзуи “Аҳамияти корбурди технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ дар таълим” ва дотсент Ферӯза Қаюмова дар мавзуи “Мақоми Садриддин Айнӣ дар инкишофи насри ӯзбек” гузориши муфассал намуда, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин устодони факултет, дотсентон Мамадҷонов Самеъҷон дар мавзуи “Таҳсилот, тарбия-худтарбиякунии таълим”, Баҳриев Файзуллоҷон “Латофати Кенҷа ва таҳаввули шеъри кӯдаконаи тоҷик дар даврони Истиқлол”, Бобоев Элмурод “Омӯзишҳои формулаҳои мухтасар ва секунҷаи Пифагор”, сармуаллима Юнусова Зебо дар мавзуи “Ба вазифаи хабар омадани ибораҳои фразеологӣ” гузориш ва масъалагузорӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ