​Ҷараёни электрикӣ дар моеъҳо

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси физика-математика Шаҳобидинов Озод дарси кушод гузаронида шуд.

Дарси кушод дар мавзӯи "Ҷараёни электрикӣ дар моеъҳо" баргузор гардид.

Дар оғози дарс аз ҷониби хонандагон дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва аҳамиятиИҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар шуд.

Таҷрибаомӯз дар рафти дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим мавзуъро барои хонандагон фаҳмонид.

Хотиррасон менамоем, ки таҷрибаомӯзии ин донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №23 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ