Ҳар кореро анҷоместу ҷавобес...

Машварат идроку ҳушёри диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Мутаъсифона воқеае, ки санаи 25.11.2021 дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рух дод ҳамаро ба ташвиш овард. Шабакаҳои интернетӣ пур аз ҳангомаҳои хоинон шуданд. Аслан оҳо худ интизори як лахча буданд, ки ҳамаҷоро аланга бардоранд.

Роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

Тибқи оморҳо тахминан аз 600 то 700 нафар ҷавонони шаҳри Хоруғ расман ҳамчун нашъаманд ва майзада ба қайд гирифта шудаанд, лекин дар асл теъдоди онҳо бештар аз 2000 нафар мебошад.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Худ қазоват кунед, дар назди инсони ақлу фаросаташ баҷо ва ҳуқуқдон пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон ба амаломаданд, ки нисбати ин гуна ҷиноятҳоисурат гирифта, чи гуна мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат метавонад хомуш ва бетараф бошад?! Ҳаргиз не! Бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб ва дастгиру ҷазо додани ҷинояткорон вазифаи ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Он коре, ки онҳо мекунанд дар чаҳорчубаи қонун мекунанд на берун аз он. Ҳамаи амалиётҳое, ки аз ҷониби кормандони амният ва ҳифзи ҳуқуқ ба амал меояд ба манфиати амнияти халқ мебошад.

Санаи 28.11.2021 масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд ва тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Ин ҳама натиҷаи заҳмату ҷонбозиҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки баҳри оромии мо шабу рӯз дар хизматанд. Аҳсан ба ҳамаи онҳо!

Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ