Ҳар як пораи замини Тоҷикистон барои моқиммати бебаҳост, ба ягон ҷавоҳирот ивазнашаванда аст

“Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Як нуқтаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.” Гуфта буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021.

Қирғизтон аз давраҳои қадим бо тоҷикистон ҳамсоягии наздик доранд. Дар раванди таърих мардуми қирғиз дар баробари миллати тоҷик пасту баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. То солҳои наздик ҳар ду давлати ҳамсоя муносибатҳои хуб дошта, ҳар як масъалаҳо бо муросои ҳукумати ду кишвар ҳал мешуд. Афсусс, ки дар панҷ соли охир ин муносибатҳо тағйир ёфт ва масъалаи муайян намудани минтақаҳои баҳсии сарҳади ин ду кишвар бо роҳи муросо иҷро нашуда истодааст. Аз ин сабаб чанд муноқишаҳо рӯй дод, ки чанд мардуми бегуноҳи ду кишвар аз олам чашм пӯшид.

Аз маълуматҳои ҷамъовардаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Абдулло Раҳнамо маълум гашт, ки имрӯз Қирғизистон 211000 га яъне 2110 километри мурабаи замини Тоҷикистонродар мобайни 90 сол истифода бурда омада истодаанд ва ин заменҳоро мехоҳанд ба Тоҷикистон бар нагардонанд.Ҳуҷҷатҳо ва харитаҳои овардашуда дар ҳақиқат маълум менамояд, ки ин заминҳои дар боло зикргардида аз они Тоҷикистон мебошад. Масоҳати ин заминҳо барои муқоиса мисол овардан мумкин аст, ки 10.4 маротиба аз масоҳати шаҳри Душанбе калон мебошад. (масоҳати шаҳри Душанбе203 километри мурабаъ).

Ба ягон шаҳриванди кишвар ҳуқуқи фурухтан ва иваз намуданизаминҳои дар сарҳад ҷойгирбуда иҷозат дода нашудааст. Маълум аст, ки соҳиби тамоми заминҳои ТоҷикистонҲукумати Тоҷикистон мебошад. Дар кодекси замини Ҷ.Т. оварда шудааст, ки “Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, бегона намоянд.

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ қитъаҳои замин бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд. (Қ.Ҷ.Т. 01. 08. 2012, №891)”

Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаровмегуяд, ки“Бо Тоҷикистон ҷойҳое мавҷуданд, ки ба тарзи шоҳмот ҷойгир шудаанд. Бояд онҳоро тавассути гуфтушунид ҳал кунем. Мо бояд заминҳои ба мо лозимаро гирем ва заминҳои ба онҳо лозимаро диҳем. Инро якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ ҳал хоҳем кард”

Ба ин суханронӣ мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ розӣнамешаванд, барои он ки якумин дараҷа онҳо заминҳои масоҳати 2110 километри мурабаъ доштаро ба Тоҷикистонбаргардонанд. Инҳо840 километри мурабаъ замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 560 километри мурабаъ замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 610 километри мурабаъ замин дар ҳудуди шаҳри Исфара, 100 километри мурабаъ замин дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Бо суханронии Пешвои миллат дар сатрҳои боло овардашуда маълум мегардад, ки на танҳо деҳоти Ворух балки ҳар як пораи замини Тоҷикистон ба дигар заминҳо иваз карда намешавад. Ҳар як пораи замини Тоҷикистон барои моқиммати бебаҳост, ба ягон ҷавоҳирот ивазнашаванда аст. Имрӯз мо ҳар як шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳақиқати ин масъаларо дарк намоем.

Ҳомидов Сардор Маҳмудович

омӯзгори кафедраи алгебра ва геометрияи

факултети математика,

МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ