Андешаи миллӣ – омили бунёдии таҳкими истиқлолият

Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад ва барои ба даст овардани ин орзу ва омол халқи тоҷик дар тўли асрҳо мубориза бурда, он дар даврони истиқлолият ҷомаи амал пўшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.

Воқеаҳои моҳи августи соли 1991, ки дар пойтахти ИҶШС – шаҳри Москва сар заданд, ба қувваҳои мухолифини кишвар имконияти мувофиқе фароҳам оварданд, то бо дастгирии хоҷагону роҳбарони хориҷиашон, гуруҳҳои манфиатдори қавмиву қабилавӣ ва вобастагӣ ба сохторҳои исломӣ, дар зери байрақи мубориза баҳри ба даст овардани демократия, мақсадҳои асосии таҳрезӣ шудаи худ – яъне соҳиби қудрат ва ҳокимияти сиёсӣ шуданро амалӣ созанд. Дар натиҷа Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муқовимати шадиди сиёсӣ, кашмакишиҳои дохилӣ ва дар ниҳояти кор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рў ба рў гардид.

Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 1992-1997 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, яке аз фоҷиаҳои мудҳиш ва хуношўб дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин воқеа кишварро, ба оқибатҳои сангину нангини иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ рў ба рў намуд.

Ҷанги шаҳрвандӣ 5 майи соли 1992 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба охир расид.

Пас аз ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, мардуми кишвар бо як қатор мушкилиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, маънавӣ рў ба рў гардид. Ноустувор будани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар, ба он оварда расонид, ки эҳтиёҷоти инсонӣ дар зери таъсири ғояҳои бегона ва бозоргонӣ қарор гирифт. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва идеалогӣ ба вуҷуд омад, ки дар инкор намудани идеалҳои пешина, аз байн рафтани тафаккури муқарраршуда ифода мешуд ва оқибат таъсири манфии худро ба фарҳанги халқи тоҷик расонид. Таъсири воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, идеалҳои нави моддӣ истифодабарӣ ва дастрас будани иттилоот, майлу хоҳиш ба истиқлолияти иқтисодӣ, ғоявӣ, маънавӣ, демократия, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва ғайраро ба вуҷуд овард [4, 228-229].

Таъсири манфии идеалогияи бегона ба тафаккур ва ҷаҳонбинии насли ҷавон таъсири худро ба миён овард. Олами маънавии халқи тоҷик дар зери фишори ғояҳои бегона монда, коста гардидани маънавиёти халқ ва буҳрони идеалогии ҷомеа ба миён омад.

Таҷрибаи таърихии кишварҳои олам шаҳодат медиҳад, ки ҳар як давлат ва миллат маҳз бо туфайли таҳрезии дурандешонаи идеалогияи милливу давлатиашон ба рушду нумўи устувор ноил хоҳанд гашт. Ташаккули идеалогияи миллӣ ва идеалогияи давлатӣ, бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.

Зурурият ва муҳимияти таҳрезии идеалогияи миллии созанда, бахусус, дар марҳилаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар аҳамияти бештарро касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, иҷтимоӣ, ягона ва миллӣ мебошад, пас идеалогияи миллӣ бо идеалогияи давлатӣ комилан ба ҳам мувофиқат менамояд.

Мафҳуми «ғоя-идея»-ро нахустин маротиба файласуфи Юнони Қадим – Афлотун (427-347 то мелод) дар осори худ истифода бурдааст. Минбаъд, ин ғоя ба соҳаи нави дониш – идеалогия табдил гашта, ниҳоят дар тавсифи ҳаёти ҷомеа, муъҷиза ва ё унсурҳои шуури ҷамъиятӣ, истифода гардидааст. Аз нигоҳи ин олим, идеалогия чун назарияи ғояҳо, таълимот оид ба пайдоиши ғояҳои инсонӣ, таъсири мутақобила ва омўзиши онҳо, арзёбӣ гаштааст. Пас, идеалогия – натанҳо густариши андеша ва арзишҳои волои ҷомеаву миллат, балки омўзиши ғояҳои ратсионалӣ (пешқадам), диди нави фардҳо, табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҳамзамон раванди раҳоӣ додани афкори ҷомеа аз шубҳа ва нобоварӣ, возеҳ намудани ҷаҳонбинии фитрии онҳоро низ дар бар мегирад. Бояд зикр намуд, ки идеалогия ва сиёсат як қатор хусусиятҳои умумиро доро мебошанд, аз ҷумла:

- бо ҳодисот ва воқеоти шуури ҷамъиятӣ робитаи ногусистанӣ дорад;

- аз ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиёти ҷомеа сарчашма мегирад;

- дар он анъана, таҷрибаву равндҳои таърихӣ инъикос меёбанд. Идеалогия мисли сиёсат хеле серпаҳлў, гуногунҷабҳа ва фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аст. Яъне, он соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад: роҳу равиш, рафтори одамон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва самту фаъолияти онҳо, тарҳи афкор, манфиатҳои хоса, ҳадаф ва усулҳои ба даст овардани онро муайян менамояд. Аз ин рў, мафҳуми идеалогияи миллӣ, давлатӣ ва сиёсӣ дар ҳамбастагӣ як маъно, мазмун ва ҳадафро ифода менамояд. Ҳар як ғоя, идеалогия дар шаклҳои мухталиф арзёбии низоми сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаро инъикос менамояд ва сохтори ҷомеаи мавҷуда ва ё бунёдшавандаро дастгирӣ менамояд, тарғибу ташвиқ мекунад, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои олии миллатро бо фишангҳои сиёсӣ асоснок менамояд. Мавқеи идеология дар ташаккул ва такомули рўҳияи миллӣ хеле муҳим аст. Идеологияи миллӣ рўҳияи миллиро тақвият дода, дар ин замина устувориву мондагории давлатро ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд меоварад. Идеология дар амри давлатдорӣ ҳамчун меҳварест, ки агар он собиту устувор набошад, пойдории дигар аркони давлатро наметавон таъмин намуд.

Вазъи имрўзаи пурмоҷарои ҷаҳони муосир ва раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат баҳри дастёбӣ ба минтақаҳои аз лиҳози стратегӣ ва геополитикӣ муҳим омилҳоеанд, ки мавқеи идеология ва муҳиммияти корҳои идеологиро ба маротиб афзудаанд. Дар кишвари мо, ки дар сарҳади бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат қарор дорад ва онҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон чунин низомеро ба сари қудрат оранд, ки ба манфиатҳои онҳо созгор бошад [2, 15-19].

Бо ин мақсад онҳо нерўҳои мухолифи ҳукумат, давлат, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротиро дастгирӣ менамоянд, онҳоро бо маблағ, силоҳ, адабиёти таблиғотӣ таъмин менамоянд. Ин гурўҳҳои ифротӣ ва ба манфиатҳои миллӣ хиёнатпеша нақшаву мақсадҳои хоҷагони худро ба ҳар роҳу васила – куштор, террор, ваҳшатандозӣ дар ҷомеа амалӣ кардан мехоҳанд.

Нерўҳои тахрибкори минтақа ва байналмилалӣ ҳамеша кўшиш менамоянд, ки дар ҷомеаи мо вазъи ноором ва хатарнокро ба миён оранд, ихтилофҳои миллӣ, этникӣ ва диниву мазҳабиро эҷод намоянд.

Марказҳои идеологӣ, хадамоти махсус вазъи ҷомеа, руҳияи мардумро меомўзанд, гуруҳҳо ва ашхосеро меҷўянд, ки тавассути онҳо ба ягонагӣ, ваҳдати мардум халал ворид намоянд. Аз ин лиҳоз, мобояд идеологияи миллиро ҳамчун як василаи муҳими ваҳдатсоз, эътиқод ва эътимод ба оянда ташаккул дода, дар зеҳни мардум, тамоми аҳли ҷомеа ва хоса, насли наврас ва ҷавонон ҷойгир намоем. Ин воситаи муҳимтарин ва ҳалкунандаи пешгирии тундравӣ, ифротӣ, бегонапарастӣ ва таҳкими амният, манфиатҳои миллӣ мебошад.

Идеалогияи миллӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги миллӣ поя ва заминаи муҳим ва калидии якпорчагӣ, ваҳдат, сулҳу субот дар ҷомеа мебошад, аз ин рў, идеологияи миллӣ муҳимтарин омили бақои миллат ва давлат аст.

Воситаи муҳимтарини мубориза бар зидди ифротгароӣ, пеш аз ҳама нерўи зеҳниву ақлонӣ, дониш, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Агар ҷаҳонбинии шахс ҳар қадар, ки васеъ, амиқ бошад ўро зери таъсири ғояҳои бегона, таассубу хурофоти динӣ ва мазҳабӣ қарор додан душвор аст. Аз ин рў, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон ба коҳиш ёфтани ақидаҳои бегона ва ифротгароёна дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат ва миллат дар баробари ба захираву сарватҳои моддӣ вобаста будан, аз захираи зеҳниву ақлонӣ низ вобастагии бузург дорад. Маҳз бо тарбия ва тайёр кардани мутахассисони варзида, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ ва дорои рўҳияи милливу эҳсоси ватанпарастӣ метавон рушди минбаъдаи давлатро таъмин кард.

Ғояву андешаи миллӣ нерўи муттаҳидкунанда буда, ҳар халқу миллатро барои расидан ба истиқлоли давлатии сиёсӣ муташаккил ва раҳнамун месозад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки «ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

Ғояи истиқлоли миллӣ дар оғози қарни XX ҷузъи таркибии андешаи миллӣ буда, он дар осору афкор ва кору пайкори фарзандони бонангу номуси миллат, ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Аббос Алиев, Абдулқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров инъикос ёфта буд. Талошу пайкори онҳо дар амри таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС ва минбаъд соҳиб гаштан ба истиқлолияти комил заминаи муҳим гардид [1].

Суқути ИҶШС, ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар таърихи бисёрасраи миллати тоҷик воқеаи ниҳоя тмуҳим ва беназир гардид. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, ки «…мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бисту шаш сол қабл бар бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем».

Бо гузашти беш аз бисту панҷ сол аз Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон мушоҳида намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои миллиро ҳамеша ҳимоя намуда, онро ба мақому маснади давлатӣ нишонданд. Инро мо дар эҳёи таъриху фарҳанг, арзищҳои миллӣ, ҷашнҳои фарзандони фарзонаи миллат, ки ҳадафи асосиаш сарҷамъ кардани мардуми мо, ки манзураш таҳкими ифтихор ва ҳувияти миллӣ аст, мушоҳида менамоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрати беҳтарини ватандўстӣ, мубаллиғи беҳамтои ғояҳои ҳувияти миллӣ, анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии мардуми мо мебошанд. Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди худшинос, худогоҳ ва ватандўсти тоҷик, хосатан зиёиён пеш аз ҳам ва беш аз ҳама таблиғи ғояҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ